Маросими супоридани таҷҳизот ва маводҳои тиббӣ барои омодагӣ ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ

11-уми ноябри соли 2025 дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими расмии супоридани таҷҳизот ва маводҳои тиббӣ, ки дар доираи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» барои омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ харидорӣ шудаанд, ба Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ баргузор гардид.

Бояд гуфт, ки супоридани таҷҳизот ва маводҳо дар доираи Компоненти 3 –и лоиҳа, “Омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустӣ” амалӣ гардид.

Дар маросими супоридани таҷҳизот ва маводҳои тиббӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода,  иҷрокунандаи вазифаи роҳбари намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимҷон Асангазиев ва роҳбари мисияи навбатии Бонки Ҷаҳонӣ, роҳбари лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” аз ҷониби ин бонк Такахиро Хасуми ва менеҷери лоиҳаи мазкур Баҳодур Холназар ширкат доштанд.

Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зимни маросими тақдими таҷҳизот ва маводҳои тиббӣ аз номи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи эътимодии HEPR барои дастгирии молиявӣ дар татбиқи лоиҳа изҳори миннатдорӣ баён дошт.

Дар идомаи маросими тақдими таҷҳизот ва маводҳои тиббӣ ҳозирин аз анбори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар шаҳри Душанбе, ки барои нигоҳдории ин таҷҳизот аз ҷониби лоиҳаи болозикр таъмиру тармим гардидааст, дидан намуданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Барои беморони саратони ғадуди зери меъда аввалин маротиба дар кишвар ба воситаи таҷҳизоти видеоэндоскопӣ ҷарроҳӣ гузаронида шуд

Ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли сӯзандору ва система барои доруи қатрагии ҶДММ «Сино медикал» дар шаҳри Истаравшан

Ӯзбекистон: иштироки мутахассисони тоҷик дар даври омӯзишӣ дар самти такмили ихтисоси менеҷмент ва идоракунӣ дар соҳаи тандурустӣ

ХИЗМАТРАСОНӢ БА БОШАНДАГОН БЕҲТАР МЕГАРДАД. Дар Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор шуъбаи тавонбахшӣ ба истифода дода шуд

Баррасии чор масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

Тағироти кадрӣ дар Донишгоҳи тиббӣ

Search