Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо директори KfW дар Тоҷикистон Петар Георгие

Санаи 01-уми декабри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо директори Бонки олмонии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (KfW) Петар Георгиев вохурӣ намуд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар меҳмонро ба вазорат хайрамақдам гуфта, ҳавасмандии худро ба идомаи ҳамкориҳои самарабахши дуҷониба изҳор дошт.

Ҳамзамон, номбурда ҷаноби Петар Георгиевро ба муносибати директори KfW дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданаш табрик намуда, ба фаъолияти кории ӯ барору муваффақият таманно кард.

Тавре қайд карда шуд, дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба аз тарафи кишвари Олмон бо дастгирии Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд (BMZ) дар соҳаи тандурустии мамлакат корҳои назаррас амалӣ мегарданд, ки KfW ҷузъи муҳими он мебошад.

Дар доираи барномаи тандурустӣ, ки аз ҷониби KfW маблағгузорӣ мешавад, дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Саломатии модару кӯдак, ёрии таъҷилӣ» (марҳилаҳои 2-5) дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтари вилояти Хатлон ду Маркази перинаталӣ сохта ба истифода дода шуд, ки ба модарон ва кӯдакон ёрии 3-юм мерасонанд.

Инчунин, чор Беморхонаи марказии ноҳиявӣ дар ноҳияҳои Темурмалик, Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш ва Восеъ низ аз нав сохта шуда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ пурра муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Инчунин, мутахассисони тиб барои баланд бардоштани ихтисоси худ дар муассисаҳои тиббии Олмон дар семинарҳои омӯзишӣ иштирок намуданд.

Дар рафти вохурӣ натиҷаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ба таври муфассал мавриди баррасӣ қарор гирифта, баҳри густариши минбаъдаи ҳамкориҳо ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» қабул гардид

Ворид гардидани усулҳои нави ҷарроҳӣ дар шараёнҳои майнаи сар

Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ

Ҷаласаи гурӯҳи кории доимоамалкунанда доир ба ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдоштаи назди Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РЕФЕРЕНСӢ. Соли 2024 ба зиёда аз ду ҳазор нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба тариқи ройгон ташхисҳои озмоишгоҳӣ гузаронида шуд

Ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи экспертизаи тиббӣ-судӣ густариш меёбад

Search