Тавсияҳо оид ба пешгирии бемориҳои сироятии мавсимӣ

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд,бо дарназардошти фаро расидани фасли сармо, тағйирёбии иқлим, коҳиши боришот ва чанголудшавии ҳаво, ҳамчунин афзоиши мавсимии бемориҳои сироятӣ, аз сокинони вилояти Суғд эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки барои пешгирии паҳншавии бемориҳои мавсимӣ чораҳои зарурии беҳдоштӣ ва муҳофизатиро ҷиддан риоя намоянд.

Фарорасии рӯзҳои сард, пастшавии ҳарорат ва зиёдшавии чангу ғубор дар ҳаво яке аз омилҳои асосии зиёдшавии гирифторшавӣ ба ГРИП, ОРВИ ва дигар бемориҳои роҳи нафас ба шумор меравад. Дар ин давра, диққати бештар ба саломатӣ ва амалисозии тавсияҳои пешгирикунанда аҳамияти калон дорад.

Нишонаҳои аввалини бемориҳои мавсимӣ одатан бо баланд шудани ҳарорати бадан, сулфа, дарди гулӯ, бинипурӣ, хастагии ногаҳонӣ, бадҳолӣ ва дарди мушакҳо оғоз меёбанд. Дар ҳолатҳои вазнин душвории нафаскашӣ мушоҳида мешавад, ки чунин ҳолат талаб мекунад, ки шахс ба муассисаи тиббӣ муроҷиат намояд.

Бо мақсади пешгирӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ, Марказ тавсия медиҳад, ки қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, аз ҷумла шустани дастҳо бо собун, риоя карда шаванд. Шамол додани мунтазами утоқҳои кориву истиқоматӣ ва пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои серодам низ аҳамияти калон дорад. Тавсия дода мешавад, ки шахсони бояд ғизои солим, нӯшокиҳои гарм истеъмол намоянд ва аз худсарона истифода бурдани антибиотикҳо қатъиян худдорӣ кунанд.

Дар ҳолати пайдо шудани нишонаҳои беморӣ ҳузур дар ҷойҳои серодам тавсия дода намешавад. Бемор бояд истироҳати кофӣ гирад ва дар сурати баланд шудани таб ё бадшавии вазъи умумӣ ба табиб муроҷиат намояд. Масъалаи тақвияти масуният тавассути тарзи ҳаёти солим низ аз омилҳои муҳими пешгирикунанда мебошад.

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд даъват мекунад, ки сокинон дар ин мавсим ба саломатии худ ва наздиконашон бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Риояи тавсияҳои зикршуда метавонад хатари сироятёбӣ ва паҳншавии бемориҳои мавсимиро ба таври назаррас коҳиш диҳад.

Саломатии Шумо — таҳти таваҷҷуҳи мост.

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

Баррасии рафти татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

“Муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои  Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ”

ТАВАҶҶУҲ. Хуруҷи варианти нави коронавируси COVID-Omicron XBB дар кишвар асоси воқеӣ надорад

Теҳрон: Иштироки ҷарроҳони тоҷик дар Х1Х-умин конгресси байналмилалии ҷарроҳӣ

Search