Ҷаласаи ғайринавбатии Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ВНМО, сил ва вараҷа баргузор гашт

Имрӯз, 13 феврали соли 2026 таҳти раёсати вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ҷаласаи ғайринавбатии Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур аъзои Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ, намояндагони як қатор вазорату идораҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ ширкат намуданд.

Дар ҷаласа масъалаи гузариши вазифаи гирандаи асосии гранти Хазинаи глобалӣ дар доираи давраи грантии 8-ум (барои солҳои 2027-2029) дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО ва сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Вобаста ба масъалаи мазкур муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода қайд намуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сохторҳои худ солҳои тулонӣ дар амалишавии грантҳои Хазинаи глобалӣ ҷиҳати самаранок ва саривақт амалӣ намудани барномаҳои ВНМО ва сил фаъолона иштирок намуда истодааст. Аз ҷумла, соли 2025 дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Гурӯҳи татбиқкунандаи лоиҳа ҳамчун зергирандаи гранти Хазинаи глобалӣ таъсис дода шуда, ба вазорат гузаштани вазифаи гирандаи асосии гранти Хазинаи глобалӣ дар давраи грантии 8-ум ба мақсад мувофиқ аст.

Қайд гардид, ки гузариш ба модели миллии гирандаи асосӣ дар марҳилаи навбатӣ ба як қатор омилҳо, аз ҷумла мутобиқат намудан ба сиёсати Хазинаи глобалӣ ҷиҳати дар чорчӯбаи гузариши устувори ҳаммаблағгузории Хазинаи глобалӣ, таъмини амалигардонии саривақтӣ, ба нақша гирифташуда ва идорашавандаи грантҳо мутобиқ мебошад. Бо дарназардошти дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доштани гранти ҷорӣ ва дастовардҳои ба даст омада, Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ қарор қабул намуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчун гирандаи асосии давраи грантии 8-ум муайян карда шавад.

Дар робита ба масъалаи мазкур, аз ҷониби Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ инчунин лоиҳаи “Нақшаи гузариши гирандаи асосии гранти Хазинаи глобалӣ дар доираи давраи грантии 8-ум (солҳои 2027-2029) аз Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муҳокима ва тасдиқ гардид.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

ДАСТОВАРДИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Ба зиёда аз 100 нафар гирифтори бемории фарбеҳӣ ва оқибатҳои он амалиётҳои ҷарроҳии бариатрикӣ бомуваффақият гузаронида шуд

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Тоҷикистон

Рақамикунонии соҳа-талаби замон. Дар кишвар системаи иттилоотии бақайдгирии натиҷаҳои скрининги гарданаки бачадон ҷорӣ мешавад

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино боздид намуда, бо унвони “Профессори фахрӣ”-и донишгоҳи мазкур сарфароз гардиданд

Назорати раванди фаъолияти касбии кормандони миёнаи тиббӣ ва тақвиятбахшии масъалаҳои этика ва деонтолгияи тиббӣ

Search