Вазъи соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баррасӣ шуд

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд 14-уми марти соли равон дар Беморхонаи вилоятии клиникии кӯдаконаи шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода ҷаласаи корӣ доир гашт, ки дар он масъулини соҳаи тандурустии вилоят, роҳбарият ва кормандони муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ширкат варзиданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, доир ба ҳадаф ва мақсади баргузории чорабинӣ андешаронӣ кард.

Баъдан, Абдухолиқ Амирзода дастуру супоришҳои вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакатро доир ба як қатор масъалаҳои муҳими соҳа, аз ҷумла риояи қатъии қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ, пурзӯр намудани гардишҳои хонагӣ, назорати беморон, махсусан беморони дар ҳолати вазнин қарордошта, тақвияти корҳои ободониву созандагӣ дар муассисаҳои тандурустӣ ба истиқболи ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар самтҳо ба самъи ҳозиин расонид.

Дар рафти ҷаласаи корӣ ҳисоботи масъулини Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд доир ба вазъи соҳа дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шунида шуда, атрофи он муҳокимаронӣ сурат гирифт.

Пас аз таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ аз ҷониби муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода ба роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дастуру тавсияҳои муфид дода шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Нахустин ҷаласаи гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ оид ба натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” барои соли 2024

Истаравшан: ба истифода додани Маркази саломатии деҳаи Варсиқ

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии кӯмакҳои беруна дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар баргузор гашт

Вохурӣ бо табибони ҷавон, ки зинаи ординатураи клиникиро дар хориҷи кишвар хатм кардаанд

ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Дар амал ҷорӣ намудани боз як усули нави ҷарроҳӣ дар самти бемориҳои рагҳои мағзи сар

Фаъолияти анҷомдодаи  лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” (P178878)  дар соли 2024

Search