Маросими кушодавшавии аксияи ҷумҳуриявӣ «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон” ва “Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ»

Имрӯз, 06-уми апрели соли равон дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнторологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чорабинии мутамарказонидашудаи аксияи ҷумҳуриявӣ «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон” ва “Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ», ки аз 6 то 10-уми апрели соли равон дар саросари мамлакат таҳти унвони «Якҷоя ба суи саломатӣ. Якҷоя ба суи илм” баргузор мегардад, расман оғоз гардид.

Маросими расмии чорабинии мутамарказонидашуда дар маҷлисгоҳи муассисаи мазкур баргузор гашт, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якум ва муовинони вазир Саломуддин Юсуфӣ, Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, Ҳабибулло Хайруллозода, муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон-ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ, муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода, намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизон ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Илекр Даштан, роҳбарони муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, мутахассисон ва сармутахассисони соҳавӣ ширкат варзиданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, иброз дошт, ки ҳамасола 7-уми апрел дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ қайд карда мешавад, ки ҳадаф ва мақсад аз таҷлили ин сана-пеш аз ҳама дастрасии тамоми қишрҳои ҷомеа ба хизматрасониҳои босифати тиббӣ мебошад.

Дар ин замина, қайд карда шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи саломатии аҳолӣ дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат қарор дошта, шахсан Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳа таваҷҷуҳи хоса доранд. Ва маҳз натиҷаи талошу заҳматҳои шабонарӯзии Ҷаноби Олӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ назар ба чандин сол қабл ба маротиб беҳтару хубтар гардида истодааст.

Бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани садҳо муассисаҳои тандурустии хуштарҳу замонавӣ ва бо таҷҳизоту лавозимоти зарурии тиббӣ ҷиҳозонида шудани онҳо дар давоми солҳои охир баҳри таъмини ҳифзи саломатии шаҳрвандони мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварданд, ки ин ҳама маҳз самараи сиёсати оқилонаву дурандешона ва хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Пешвои маҳбуби миллат мебошад.

Таъкид гашт, ки Ҳукумати мамлакат пайваста барои беҳтар намудани дастрасӣ ва сифати хизматрасонии тиббӣ, таҳкими низоми ҳифзи саломатӣ ва пешгирии бемориҳо тадбирҳои муассир меандешад. Татбиқи барномаҳои миллӣ, тақвияти назорати эпидемиологӣ, ворид намудани технологияҳои муосир ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ аз ҷумлаи чунин иқдомҳо ба ҳисоб мераванд. Ин тадбирҳо на танҳо ба табобат, балки пеш аз ҳама ба пешгирии бемориҳо ва тарғиби тарзи ҳаёти солим равона шудаанд.

Зикр гардид, ки аксияи ҷумҳуриявӣ «Ҳифзи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон» дар асоси қарори Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 14 октябри соли 2022, ки соли 2026 ҳамчун “Соли ҳифзи саломатӣ дар ИДМ” эълон гашта буд, баргузор мегардад.

Дар баробари ин, масъалаи баргузории “Соли ҳифзи саломатӣ дар ИДМ” моҳи октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе зимни баргузории ҷаласаи 38-уми Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии Давлатҳои аъзои ИДМ, ки бо иштироки вазирони тандурустии давлатҳои аъзо баргузор шуда буд, низ баррасӣ ва нақшаи чорабиниҳо муайян гашта буданд.

Дар маҷмӯъ, барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани чорабинии мазкур дар тамоми муассисаҳои тандурустии кишвар шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд ва изҳори умедворӣ карда шуд, ки чорабинии мазкур дар сатҳи баланд баргузор гашта, баҳри таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ нақши боризи хешро мегузорад.

Дар идомаи чорабинӣ муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон-ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода доир ба муҳимияти баргузории аксияи болозикр баромад намуданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои Шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказиро мавриди истифода қарор доданд

Аслидин Раҷабов: тамоми таҷҳизотҳои муосире, ки дар соҳаи силшиносии кишварҳои пешрафтаи олам мавҷуд ҳастанд, дар кишвари мо низ дастрас мебошанд

Брифинг оид ба муаррифии технологияҳои рақамӣ барои назорати бемории сил

Баррасии масъалаҳои ҳалталаб дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ

Боздиди масъули вазорат аз муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд

Шиносоӣ бо ҷараёни дарсомӯзии донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ

Search