Аз ҷониби мутахассисони варзидаи Федератсияи Россия барои табибони соҳаи акушерии таваллудхонаҳои кишвар семинари омӯзишӣ гузаронида шуд

Бо мақсади баланд бардоштани дониш ва малакаи касбии табибон ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои фавти модарон аз хунравии акушерӣ санаи 8 апрели соли 2026 дар доираи “Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон” ва Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ” семинари омӯзишӣ дар мавзуъҳои “Хунравии гипотоникӣ, коагулопатия ва ДВС синдром дар соҳаи акушерӣ” ва “Бартарияти шири модар барои солимии модар ва кӯдак” аз тарафи профессорон аз шаҳрҳои Санкт – Петербург ва Москваи Федератсияи Россия Мозговая Е.В. ва Украинцев С.Е. бо иштироки табибони соҳаи акушерӣ аз шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гардид.

Ҳамзамон, мутахассисон аз вилоятҳои Суғд ва Хатлон ба таври онлайнӣ дар семинари омӯзишӣ иштирок намуданд.

Дар расми ифтитоҳи семинари омӯзишӣ сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Набиев Зоир иштирок ва суханронӣ карда, ҳадаф ва мақсад аз баргузории чорабинро-пеш аз ҳама барои баланд бардоштани савияи донишу малака ва таҷрибаи кории мутахассисони соҳа арёзбӣ намуд.

Баъдан, аз ҷониби мутахассисони варзидаи кишвари Россия дар мавзуъҳои болозикр ба иштирокчиёни ҳузурӣ ва онлайнӣ ба таври рунамо маълумотҳои муфид ва судманд пешниҳод карда шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Нахустин ҷаласаи гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ оид ба натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” барои соли 2024

Истаравшан: ба истифода додани Маркази саломатии деҳаи Варсиқ

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии кӯмакҳои беруна дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар баргузор гашт

Вохурӣ бо табибони ҷавон, ки зинаи ординатураи клиникиро дар хориҷи кишвар хатм кардаанд

ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Дар амал ҷорӣ намудани боз як усули нави ҷарроҳӣ дар самти бемориҳои рагҳои мағзи сар

“Ҳафтаи пешгирии саратони гарданаки бачадон”

Search
爱思助手汽水音乐下载易歪歪汽水音乐telegramtelegram下载tg下载telegram