Дар мавзуи “Ҳуқуқи кӯдак ва саломатӣ” семинари омӯзишӣ доир шуд

Имрӯз, 09-уми апрели соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи аксияи ҷумҳуриявӣ «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон” ва “Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ» дар мавзуи “Ҳуқуқи кӯдак ва саломатӣ” семинари омӯзишӣ доир гашт, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон-ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ, сардорони раёсату шуъбаҳо ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат ширкат варзиданд.

Семинари омӯзиширо муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусаматзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳифзи саломатии модару кӯдак яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эътироф гардида, дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Қайд карда шуд, ки семинари мазкур ба ҳифзи саломатӣ, нигоҳубин, рушд ва тарбияи кӯдакон бахшида шудааст, зеро дар Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак омадааст, ки ҳар як кӯдак ҳуқуқ ба ҳаёт, зиндагӣ ва инкишофи солим, донистани волидайни худ ва бархурдор будан аз ғамхории онҳо, озодона баён намудани ақидаи шахсӣ, саломатӣ ва дастрасӣ ба низоми тандурустӣ ва имконоти дастрасӣ ба таҳсилро дорад.

Бод гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ барои таъмини озодиву ҳуқуқҳои инсон пайваста тадбирҳои муассир андешида, як қатор санадҳои муҳими байналмилалӣ ва миллиро қабул кардааст.

Аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 октябри соли 1993 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ва баъдан ду протоколи иловагӣ ба Конвенсияи мазкурро, ки якумин ба манъи фурӯши кӯдакон, фоҳишагии кӯдакон ва парнографияи кӯдакон ва дуюмин ба пешгирии иштироки кӯдакон дар низоъҳои мусаллаҳона дахл дорад, ба тасвиб расонид.

Гуфта шуд, ки имрӯзҳо масъалаи ҳифзи саломатии кӯдакон танҳо бо табобат маҳдуд намешавад, балки маҷмӯи тадбирҳои пешгирикунанда ва иҷтимоиро низ дар бар мегирад. Аз ҷумла, пешгирии бемориҳо, баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ, беҳтар намудани шароити санитарӣ ва таъмини дастрасӣ ба оби тоза аз самтҳои муҳим ба ҳисоб мераванд.

Дар даврони соҳибистиқлолии давлатӣ ҳамзамон дар партави сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар як қатор барномаҳо ва стратегияҳои давлатӣ қабул ва амалӣ гардидаанд, ки ба коҳиш додани фавти модару кӯдак, беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, ҷори намудани технологияҳои муосири ташхис ва табобат, инчунин таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ мусоидат намудаанд.

Дар рафти семинари омӯзишӣ муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон-ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ доир ба масъалаҳои ҳуқуқҳои кӯдакон дар Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар ин самт қабул ва амалкунанда баромад кард.

Ҳамзамон, сардори шуъбаи ҳифзи саломатии кӯдакону наврасон ва рушди малакаи волидайни Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оила Аминов Обидҷон низ дар масъалаи мазкур ба иштирокчиён маълумот пешниҳод намуд.

Дар поёни семинари омӯзишӣ изҳори умедворӣ карда шуд, ки чорабинии мазкур дар таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон ба саломатӣ ва тавонбахшӣ мусоидат хоҳад кард.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

ДАСТОВАРДИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Ба зиёда аз 100 нафар гирифтори бемории фарбеҳӣ ва оқибатҳои он амалиётҳои ҷарроҳии бариатрикӣ бомуваффақият гузаронида шуд

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Тоҷикистон

Рақамикунонии соҳа-талаби замон. Дар кишвар системаи иттилоотии бақайдгирии натиҷаҳои скрининги гарданаки бачадон ҷорӣ мешавад

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино боздид намуда, бо унвони “Профессори фахрӣ”-и донишгоҳи мазкур сарфароз гардиданд

Назорати раванди фаъолияти касбии кормандони миёнаи тиббӣ ва тақвиятбахшии масъалаҳои этика ва деонтолгияи тиббӣ

Search