Нахустин маротиба дар Тоҷикистон ба бемори қанди навъи 2 амалиёти ҷарроҳии шунткунонӣ байни меъда бо рудаи борик ва руда ба руда гузаронида шуд

Дар амал ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустии кишвар ба шумор рафта, имрӯзҳо табибони Тоҷикистон бо истифода аз шароит ва имконоти мусоиди фароҳамгардида дар соҳаи тибби кишвар усулҳои нави ҷарроҳиро дар амал иҷро менамоянд.

Табибони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ боз ба як навгонӣ шарафёб гаштанд.

Дар муассисаи мазкур бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як нафар бемори 57 сола, ки давоми 5 соли охир аз бемории қанди навъи ду азият мекашид, амалиёти ҷарроҳии шунткунонӣ байни меъда бо рудаи борик ва руда ба руда, яъне дар ду ҷо анҷом додани пайвандсозии узв гузаронида шуд.

Ба гуфти мутахассисони марказ, ин амалиёти ҷарроҳӣ имкон медиҳад, ки бемор дар муддати кутоҳ аз бемории қанди навъи 2 шифо ёбад ва ҳамзамон як андоза аз вазни изофа низ халос шавад.

Амалиёти нави ҷарроҳӣ ба тариқи лапараскопӣ бо усулҳои миниинвазивӣ, яъне бе буриши зиёди ҷисми бемор гузаронида шуд.

Мутахассисони соҳа иброз медоранд, ки чунин усули нави ҷарроҳӣ агар аз як ҷониб давраи барқароршавии саломатии беморро кутоҳ намояд, аз ҷониби дигар бо осеби ками ҷисми бемор анҷом дода мешавад. Яъне, дар натиҷаи осеби камтар дидан баъди ҳамагӣ як-ду рӯзи амалиёти ҷарроҳӣ бемор ба хона рухсат дода хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки амалиёти ҷарроҳии мазкурро директори муассисаи мазкур Раҳмонов Ҷамахон Аҳмадович, табибони ҷарроҳи маркази номбурда Боқиев Фатҳулло ва Ҳакимзода Беҳруз якҷо бо ҳамкорони хеш гузаронидаанд.

Ба иттилои Ҳакимзода Беҳруз, мудири шуъбаи бариатрикӣ ва герниологии Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо, мутахассисони маркази мазкур ба чандин кишварҳои хориҷ, аз ҷумла ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, Туркия, Ҳиндустон ва Қазоқистон барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбӣ сафарбар гардида, баъдан усулҳои нави табобати ҷарроҳии бариатрикиро дар мамлакат анҷом доданд.

Қобили зикр аст, ки давоми се соли охир дар муассисаи мазкур ҷарроҳиҳои бариатрикӣ ва шунткунонии меъда бо рудаи борик бо тариқи лапараскопӣ ҳам барои кам кардани вазн ва ҳам барои табобати бемориҳои қанди навъи 2 анҷом дода мешуданд.

Амалиёти нави ҷарроҳӣ бошад, бо ду анастамоз, яъне анастамоз байни меъда ва руда ва руда ба руда анҷом меёбад. Ин амалиёти ҷарроҳӣ дар шахсоне гузаронида мешавад, ки бемории қанди навъи 2 доранд ва вазнашон зиёд нест. Яъне ҷарроҳӣ имкон медиҳад, ки беморон аз бемории қанди навъи 2 халос шаванд ва вазнашон ба андозаи кам коҳиш ёбад.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагуна амалиётҳои ҷарроҳӣ бо тарқи лапараскопӣ бо усулҳои миниинвазивӣ ба роҳ монда шудааст ва ба шаҳрвандони мамлакат дигар ниёзе ба хориҷи кишвар рафтан ҷиҳати анҷом додани усулҳои нави ҷарроҳӣ вуҷуд надорад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Рушди хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Комиссия оид ба тандурустии Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин

Ҷорӣ намудани ҷарроҳии кошти ҳалзун барои беморони камшунаво ва ношунавои мутлақ

Ифтитоҳи бинои шуъбаи сироятӣ дар ноҳияи Қубодиён

Search