Маросими тақдими таҷҳизотҳои тиббӣ ва оксигенӣ ба вазорат

12-уми майи соли равон дар шаҳри Душанбе маросими супоридани таҷҳизотҳои тиббӣ ва оксигенӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саломуддин Юсуфӣ, кордори Сафорати ШМА дар Тоҷикистон Карсон Релитс Рокер ва дигар масъулини вазорат ва сафорат ширкат варзиданд.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саломуддин Юсуфӣ иброз дошт, ки маросими имрӯза боз як намунаи равшани шарикии устувор, ҳамдигарфаҳмӣ ва дастгирии пайвастаи Ҳукумати Штатҳои Муттаҳида дар самти таҳкими низоми тандурустии Тоҷикистон мебошад ва ин иқдом барои боз ҳам беҳтар намудани дастрасӣ ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ, бахусус дар бахшҳои эҳёгарӣ ва кумаки фаврӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар ин замина, гуфта шуд, ки дар доираи барномаи Глобалии Занҷираи таъминоти соҳаи тандурустӣ, идоракунии харидҳо ва таъминот (GHSC-PSM) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти муҳими тиббӣ ба маблағи умумии зиёда аз 1,8 миллион доллари ШМА дастрас гардид. Ин таҷҳизот пеш аз ҳама, таҷҳизоти оксигенӣ ва маҷмӯаҳои махсус барои эҳёи навзодонро дарбар гирифта, барои беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ва наҷоти ҳаёти беморон аҳамияти бузург дорад.

Зикр гардид, ки қисме аз ин таҷҳизот аллакай ба 5 таваллудхона ва 11 муассисаи дигари тандурустии кишвар дастрас ва насб гардида, махсусан таҷҳизоти эҳёи навзодон ва таъмини оксиген барои ҳифзи саломатии модару кӯдак ва коҳиш додани фавти навзодон нақши хеле муҳим мебозад.

-Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки дастгирии Ҳукумати Штатҳои Муттаҳида дар соҳаи тандурустии Тоҷикистон солҳои зиёд идома дошта, самтҳои гуногунро фаро мегирад. Аз ҷумла, ҳамкориҳо дар мубориза бо бемориҳои сироятӣ, таҳкими амнияти тандурустӣ, рушди инфрасохтори тиббӣ, омодасозии мутахассисон ва дастгирии муассисаҳои тандурустӣ барои мо хеле арзишманд мебошанд,-қайд кард муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саломуддин Юсуфӣ дар маросими тақдими таҷҳизотҳои тиббӣ ба вазорат.

Дар идомаи суханронии хеш номбурда иброз дошт, ки “мо ба сатҳи кунунии ҳамкориҳои дуҷониба баҳои баланд дода, итминон дорем, ки татбиқи Ёддошти тафоҳуме, ки чанде пеш байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Штатҳои Муттаҳида дар Тоҷикистон ба имзо расид, барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо заминаи боз ҳам мустаҳкам фароҳам меорад”.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

НАВГОНӢ.  Бори аввал дар кишвар амалиёти стентгузории варидӣ гузаронида шуд

“Хунравиҳои акушерӣ, самтҳои муосири пешгирии хунталафоти зиёд”

Тақвияти шарикӣ барои устувории навовариҳо дар назорати бемории сил ва ВНМО дар Тоҷикистон

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба амалисозии иҷроиши бандҳои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи озмоишгоҳи анатомӣ, физикӣ, биологӣ ва бинои маркази тестӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор

Search