Озмоишгоҳи вирусологӣ: дастовард, имкониятҳои муосир дар ҳифзи саломатии аҳолӣ

Маъмулан таҳлилҳои лабораторӣ на танҳо барои ташхиси беморӣ, балки барои пешгирии паҳншавии сироятҳо нақши ҳалкунанда доранд. Ошкор кардани бемориҳо дар марҳилаҳои барвақт имкон медиҳад, ки чораҳои зуд ва самарабахш андешида шаванд, ҳолатҳои музмин пешгирӣ карда шаванд ва ҳаҷми сироятёбӣ дар байни аҳолӣ коҳиш ёбад.

 Хусусан дар ҳолати гепатитҳои вирусӣ, ВИЧ ва сироятҳои респираторӣ ташхиси лабораторӣ имкон медиҳад, ки манбаъҳои сироят сари вақт муайян ва барои табобати саривақтӣ ва дуруст мусоидат намоянд.

Озмоишгоҳи вирусологӣ яке аз воҳидҳои муҳими Муассисаи давлатии «Маркази экспертизаи санитарию эпидемиологӣ ва назорат дар нақлиёту сарҳадот»-и Хадамоти назорати  давлатии санитарию  эпидемиологӣ ба ҳисоб меравад. Озмоишгоҳ дар ошёнаи якуми бино ҷойгир буда, аз 5 ҳуҷраи махсус иборат аст, ки ҳар кадоми онҳо дорои ҳадаф ва ҳусусиятҳои техникии худ мебошанд.

Зикр кардан ҷоиз аст, ки озмоишгоҳи вирусологӣ солҳои тӯлонӣ фаъолият намуда, ба ҳифзи саломатии аҳолӣ саҳми арзанда гузоштааст. Хушбахтона, дар соли 2025 озмоишгоҳ ба таъмири ҷиддӣ фаро гирифта шуда, бо таҷҳизоти муосир ва реагентҳои зарурӣ таъмин гардид ва ҳоло пурра фаъолият мекунад.

Айни замон озмоишгоҳ бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардида, барои гузаронидани ташхисҳо пурра омода аст, ба монанди:

1. Системаи ПЦР дар вақти воқеӣ (Real-Time PCR)

– Rotor-Gene Q (QIAGEN) — таҷҳизоти асосӣ барои ошкор кардани ДНК ва РНК-и вирусҳо.

2. Таҷҳизоти ИФА (Иммуноферментный анализ) 

– Анализаторҳои автоматӣ ва дастгоҳҳои Thermo; 

– Thermo Shaker (шейкерҳои термостатӣ); 

– Дозаторҳои электронӣ ва механикӣ.

3. Шкафҳои бехатарии биологӣ; 

– TopSafe (BIOAIR) — шкафи бехатарии дараҷаи II; 

– Шкафҳои BIOBASE.

4. Таҷҳизоти ёрирасон: 

– Центрифугаҳо, дозаторҳо (пипеткаҳо), яхдонҳои ултрапаст, инкубаторҳо ва термостатҳо.

Тамоми таҷҳизотҳо ба талаботҳои бехатарии биологӣ (BSL-2) мувофиқат карда, мунтазам санҷида мешаванд.

Кормандони мо ҳангоми озмоиш аз усулҳои гуногуни лабораторӣ корбарӣ менамоянд:

ПЦР (Полимеразная цепная реакция) усули асосӣ дар озмоишгоҳи мо мебошад. Ин метод имкон медиҳад, ки  ҳатто аз миқдори хеле ками вирусҳо ДНК ё РНК-ро миллионҳо маротиба афзоиш дода, ҷой доштан ва намуди вирусро дақиқ муайян кунад. ПЦР хусусияти баланди ҳассосият ва дақиқӣ дорад.

Дар баробари ПЦР, мо аз усули ИФА барои муайян кардани антителоҳо ва антигенҳо низ фаъол истифода мебарем.

Зикр бояд кард, ки дар озмоишгоҳи мо таҳлилҳои зерин гузаронида мешаванд: 

– Сироятҳои респираторӣ (зуком, COVID-19); 

– Гепатитҳои вирусӣ (А, В, С, D, Е); 

– ВНМО (ВИЧ); 

– Сифилис (RV); 

– Сурхак ва дигар сироятҳои вирусӣ; 

– Таҳлилҳои гормонӣ.

Лозим ба ёдоварист, ки гепатитҳо яке аз мушкилоти ҷиддии ҷигар ба ҳисоб мераванд, ба монанди:

– Гепатити А – тавассути об ва ғизои ифлос, шакли шадид, аксар вақт пурра шифо меёбад. 

– Гепатити В – тавассути хун, алоқаи ҷинсӣ ва аз модар ба кӯдак, метавонад музмин шуда, ба цирроз ва саратони ҷигар оварда расонад. 

– Гепатити С – асосан тавассути хун, бисёр вақт музмин мешавад. 

– Гепатити D – танҳо дар мавриди ташхиси гепатити В. 

– Гепатити Е – барои занони ҳомила хатарнок аст. Вале дар сурати сари вақт ташхис кардан ва муолиҷа гирифтан онҳо табобат мешаванд.

Ҳамзамон таъкид намудан лозим аст, ки дар лаборатория қоидаҳои қатъии бехатарии биологӣ риоя карда мешаванд. Ҳамаи кормандон ҳатман либоси муҳофизатӣ мепӯшанд ва корҳо дар шкафҳои бехатарӣ анҷом дода мешаванд.

Барои боз ҳам баланд бардоштани сифат ва ҳаҷми озмоишҳо дар оянда, муҷаҳҳаз намудани озмоишгоҳ бо таҷҳизоти автоматикии пурраи ИФА ва системаҳои ПЦР-и муосир ба нақша гирифта шудааст.

Маркази мо имрӯз бо таҷҳизоти замонавӣ, усулҳои пешрафта ва кормандони баландихтисос қодир аст, ки ба аҳолӣ ташхиси дақиқ ва саривақтӣ расонад.

Маврид ба зикр аст, ки озмоишгоҳи вирусологӣ имрӯз бо таҷҳизоти муосир, усулҳои пешрафтаи молекулавӣ ва кормандони баландихтисос ба яке аз марказҳои муҳими ташхисӣ ва эпидемиологӣ табдил ёфтааст. Таҳлилҳои лабораторӣ на танҳо барои муайян кардани беморӣ, балки барои пешгирии паҳншавии сироятҳо, ошкор кардани ҳолатҳои бармаҳал ва ҳифзи саломатии ҷомеа нақши ҳалкунанда доранд.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки таҳлилҳои дақиқ ва саривақтӣ яке аз пояҳои асосии амнияти эпидемиологии кишвар мебошанд. Дар оянда низ мо, кормандони озмоишгоҳи вирусологӣ омода ҳастем, ки доираи хизматрасониҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва ҳамкориҳои илмиро васеъ намуда, ба ҳифзи саломатии мардуми Тоҷикистон ҳиссаи арзанда гузорем.

                                                                             Дилшода Амирбекова,

мудири озмоишгоҳи вирусологии Маркази экспертизаи санитарию эпидемиологӣ

                                        ва назорат дар нақлиёту сарҳадоти Хадамоти               

                                  назорати  давлатии санитарию  эпидемиологӣ

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ

Муаррифии лоиҳаи “Дастгирии чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ оид ба таъминоти микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ дар муассисаҳои тиббӣ”

Иштирок дар 24-умин Форуми глобалии ғизои кӯдакон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ

Вохурӣ бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Search