Баррасии ҳамкориҳо бо Фонди глобалӣ барои мубориза бо ВИЧ/СПИД, бемории сил ва вараҷа

Дар доираи иштирок дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумии тандурустӣ, ки дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария айни ҳол ҷараён дорад, имрӯз, 19-уми майи соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбари идоракунии грантҳои Фонди глобалӣ барои мубориза бо вируси норасоии масунияти одам (ВНМО -ВИЧ/СПИД), бемории сил ва вараҷа Марк Элдон-Эддингтон вохурӣ намуд.

Дар рафти вохурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода барои дастгириҳои пайвастаи соҳаи тандурустии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам (ВНМО -ВИЧ/СПИД), бемории сил ва вараҷа ба роҳбарияти Фонди мазкур изҳори миннатдорӣ баён кард.

Ҳамзамон, ҷонибҳо доир ба вазъияти маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар саросари ҷаҳон ва оқибатҳои он барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешрафт дар омодасозии дархости маблағгузорӣ барои давраи нави тақсимоти солҳои 2026-2028, аз ҷумла тағйироти стратегӣ барои давраи 8-уми грантӣ, банақшагирии гузариши нақши гирандаи асосии гранти Фонди глобалӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар давраи 8-уми грантии нав ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.

Дар анҷоми вохурӣ баҳри густариши ҳамкориҳои минбаъда ҳарду ҷониб изҳори омодагӣ ва ҳавасмандии хешро иброз доштанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

“Нигоҳубини некбинона барои занон дар вақти ҳомиладорӣ ва баъди таваллуд”

Боздид аз рафти корҳои сохтмонии муассисаи тандурустӣ ва вохурӣ бо мутахассисони олмонӣ

“Шифобахш”. Ҷаласаи васеи фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии ВНМО бо иштироки зиёда аз 400 нафар кормандони тиб

Ба роҳ мондани боз як амалиёти ҷарроҳии муосир дар Беморхонаи клиникавии №3-и шаҳри Хуҷанд

Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон

Ҷамолиддин Абдуллозода бо захираи маводи ғизоӣ ва омодагӣ ба зимистони дар пешистодаи сокинони маҳаллаи Масчиди Савр шинос гардид

Search
汽水音乐易歪歪HelloGPT易歪歪单机版沙盘telegram易翻译比特浏览器mumu模拟器