Шиносоӣ бо фаъолияти Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор ва раванди корҳои ободониву созандагӣ

Имрӯз, 08-уми июни соли равон ҷиҳати шиносоӣ пайдо кардан бо рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва раванди корҳои ободониву созандагӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба шаҳри Ҳисор сафари корӣ анҷом дода, бо фаъолияти Беморхонаи марказии шаҳр ва шуъбаи бемориҳои руҳӣ дидан кард.

Дар доираи сафари кории хеш номбурда аз Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор дидан кардаву бо фаъолияти шуъбаҳо, ҳолати таҷҳизотҳои тиббӣ ва шароиту имкониятҳои он шинос гашта, баҳри боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба роҳбарият ва кормандони он дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамзамон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз рафти корҳои ободониву созандагии шуъбаи бемориҳои руҳӣ низ дидан кард.

Зимни суҳбат бо масъулини соҳаи тандурустии шаҳри Ҳисор Ҷамолиддин Абдуллозода як қатор масъалаҳои муҳими соҳа, аз қабили пешгирии фавти модару кӯдак, ба роҳ мондани усулҳои нави ташхису табобат, назорати қатъии беморон, аз ҷумла беморони дар ҳолати вазнин қарор дошта, саривақт ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, истифодаи дурусти таҷҳизотҳои тиббӣ, боз ҳам беҳтар кардани фаъолияти кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, аз ҷумла ёрии таъҷилӣ ва дигар масъалаҳоро баррасӣ намуда, баҳри рафъи мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ба роҳбарияти муассисаҳои тандурустии шаҳри мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар ин замина, баҳри истиқболи сазовор аз ҷашни бузурги миллии 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият бахшидани корҳои ободониву созандагӣ дар муассисаҳои тандурустӣ низ махсус таъкид гардид.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

ДАСТОВАРДИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Ба зиёда аз 100 нафар гирифтори бемории фарбеҳӣ ва оқибатҳои он амалиётҳои ҷарроҳии бариатрикӣ бомуваффақият гузаронида шуд

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Тоҷикистон

Рақамикунонии соҳа-талаби замон. Дар кишвар системаи иттилоотии бақайдгирии натиҷаҳои скрининги гарданаки бачадон ҷорӣ мешавад

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино боздид намуда, бо унвони “Профессори фахрӣ”-и донишгоҳи мазкур сарфароз гардиданд

Ифтитоҳи озмоишгоҳи анатомӣ, физикӣ, биологӣ ва бинои маркази тестӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор

Search
爱思助手汽水音乐下载易歪歪汽水音乐telegramtelegram下载tg下载telegram