Боздиди гурӯҳи корӣ аз раванди корҳои ободониву созандагӣ дар муассисаҳои тандурустии Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллӣ-35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ дар муассисаҳои тандурустии манотиқи гуногуни мамлакат бомаром идома доранд.

Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ин санаи фархунда 20-уми июни соли равон гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазир Зулфия Абдусаматзода бо раванди корҳои ободониву созандагӣ дар беморхонаҳои марказӣ, марказҳои саломатӣ ва дигар муассисаҳои тандурустии шаҳри Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав шинос шуд.

Аснои боздид гурӯҳи кории вазорат бо рафти хизматрасонии тиббии муассисаҳои тандурустӣ шинос шуда, ҳамзамон бо як қатор беморон ва наздикони онҳо суҳбати озод анҷом дод.

Махсусан зимни суҳбат бо шаҳрвандон гурӯҳи кории вазорат доир ба тадбирандешиҳои Ҳукумати мамлакат дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ибрози андеша намуда, таъкид дошт, ки чун дигар манотиқи кишвар соҳаи тандурустӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав низ рушду пешрафт намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Дар баробари ин, зимни суҳбату вохуриҳо гурӯҳи корӣ бо масъулони соҳаи тандурустии шаҳрҳо ва ноҳияи мазкур масъалаҳои вусъати тоза бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмиру тармими биноҳои муассисаҳои тандурустӣ, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, одоби муоширати табибон бо беморон ва ғайраро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода, баҳри бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ифтитоҳи маҷозии 2 муассисаи тандурустӣ, 1 бонк, 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 3 кӯдакистон дар шаҳри Истаравшан

Дарсҳои омӯзишӣ бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва хизматрасонии мутахассисон

Конгресси байналмилалии “Терапия ва тибби профилактикӣ” ба таври маҷозӣ доир гашт

Натиҷагирӣ аз фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026

Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва ИМА дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ гашт

Кувайт. Дастоварди табиби ҷавони тоҷик дар 16-умин намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорӣ дар Ховари Миён

Search