Омодагиҳо ба ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон. Боздиди роҳбарияти вазорат аз раванди корҳои ободониву созандагӣ ва фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи супориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода гурӯҳҳои кории вазорат таҳти роҳбарии муовинони вазир бо мақсади шиносоӣ бо раванди корҳои ободониву созандагӣ дар муассисаҳои тандурустӣ, сабзу хуррамгардонии саҳни биноҳо, рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва баррасии дигар масъалаҳои муҳими соҳа ба шаҳру ноҳияҳои тобеи мамлакат сафарбар гардиданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода бо фаъолияти беморхонаҳои марказӣ ва марказҳои саломатии шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод шинос гашт.

Аснои боздид аз муассисаҳои тандурустӣ Абдухолиқ Амирзода ба масъалаҳои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, саривақт расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба беморон, риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ, риояи одоби муошират бо беморон, иҷрои барномаҳои соҳавӣ ва дигар масъалаҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуд.

Дар ин замина, гуфта шуд, ки баҳри сазовор истиқбол гирифтан аз ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд намои беруна ва саҳни биноҳо, шуъбаҳо ва дар умум тамоми муассисаҳои тандурустӣ пурра таъмиру тармим гашта, дар ин самт ҳамаи тадбирҳои муҳим ва саривақтӣ амалӣ карда шаванд.

Вобаста ба масъалаҳои мазкур ба масъулини соҳаи тандурустии шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод баҳри боз ҳам тақвият бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, ба таъмиру тармим фаро гирифтани бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатии деҳоти дурдаст дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар идомаи боздид инчунин дигар намояндагони вазорат аз як қатор бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатии шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод низ дидан ба амал оварда, дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишварро ба самъи масъулин расониданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Нахустин ҷаласаи гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ оид ба натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” барои соли 2024

Истаравшан: ба истифода додани Маркази саломатии деҳаи Варсиқ

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии кӯмакҳои беруна дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар баргузор гашт

Вохурӣ бо табибони ҷавон, ки зинаи ординатураи клиникиро дар хориҷи кишвар хатм кардаанд

ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Дар амал ҷорӣ намудани боз як усули нави ҷарроҳӣ дар самти бемориҳои рагҳои мағзи сар

“Ҳафтаи пешгирии саратони гарданаки бачадон”

Search
爱思助手汽水音乐下载易歪歪汽水音乐telegramtelegram下载tg下载telegram