Тавре қаблан иттилоъ додем, бо мақсади омодагиҳо ба таҷлили ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи супориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода гурӯҳҳои кории вазорат таҳти роҳбарии муовинони вазир бо мақсади шиносоӣ бо раванди корҳои ободониву созандагӣ дар муассисаҳои тандурустӣ, сабзу хуррамгардонии саҳни биноҳо, рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва баррасии дигар масъалаҳои муҳими соҳа ба шаҳру ноҳияҳои тобеи мамлакат сафарбар гардиданд.
Гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазир Ҳабибулло Хайруллозода ҷиҳати шиносоӣ пайдо намудан бо раванди корҳои ободониву созандагии муассисаҳои тандурустӣ ва рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ имрӯз, 20-уми июни соли равон аз муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои Лахш, Рашт, Тоҷикобод ва Нуробод дидан кард.

Қайд кардан ба маврид аст, ки таъмини солимии аҳолӣ дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дошта, давоми солҳои соҳибиқлолии давлатӣ баҳри фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ташхис ва табобати беморон дар кишвар чораҳои муҳиму саривақтӣ андешида шудаанд.
Бояд қайд кард, ки вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои мазкур давоми солҳои охир беҳтар гардида, заминаи моддию техникии муассисаҳои тандурустӣ дар ин ҷо хеле беҳтар шудааст.
Дар ҷараёни боздиди гурӯҳи корӣ аз ҳолати кунунии беморхонаҳои марказӣ, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва муассисаҳои соҳавӣ таваҷҷуҳи махсус ба таъмиру тармими намои беруна ва саҳни ҳавлии биноҳҳо, сабзу хуррамгардонии назди муассисаҳо, таъмири шуъбаҳо ва дар умум вазъи воқеии муассисаҳои тандурустӣ зоҳир гашта, инчунин гурӯҳи корӣ бо рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ шинос гашт.

Ҳамин тавр, гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи роҳбарият ва кормандони муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои мазкурро ба масъалаҳои боз ҳам тақвият бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ҷалб намуда, баҳри рафъи мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.


