Хатми нахустин донишҷӯёни Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон

Имрӯз, 24-уми июни соли равон дар Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» маросими хатми нахустин донишҷӯёни Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» баргузор гашт, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, роҳбарият ва устодону донишҷӯёни ин даргоҳ ширкат варзиданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода аз номи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин хатмкунандагони ин боргоҳи илм, ҳайати профессорону омӯзгорон ва волидайни онҳоро бо ин руйдоди фаромушнашаванда самимона табрику муборакбод гуфт.

Зимни баромади худ номбурда иброз дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолии давлатӣ дар мамлакат бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ қабул гардид, ки он ба гузаштани системаи бисёршаклии нигоҳдории тандурустӣ, яъне ҳамгироии бахши давлатӣ ва хусусӣ заминаи қонунӣ гузошт.

Дар доираи иқдому ташаббусҳои Сарвари давлат дар Тоҷикистон Муассисаи таҳсилоти олии касбии ғайридавлатии тиббӣ-иҷтимоии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» таъсис дода шуд.

Гуфта шуд, ки гарчанде аз кушодашавии ин донишкада вақти зиёд сипарӣ нагашта бошад ҳам, вале ин муассиса аллакай ба натиҷаҳои бениҳоят дурахшон, нишондодҳои устувори оморӣ ва эътирофи байналмилалӣ ноил гардид.

Қайд гардид, ки имрӯз дар ин донишкада 5 факултет фаъолият дорад, ки инҳо факултети тиббӣ, стоматологӣ, кори психологияи тиббӣ, кори иҷтимоӣ ва фарматсевтӣ мебошанд. Ин сохтор имкон медиҳад, ки омодасозии кадрҳо тибқи стандартҳои муосири тиббии ҷаҳонӣ ба роҳ монда шавад.

Ҳамзамон, дар назди донишкада «Маркази клиникӣ, илмӣ-таълимӣ» фаъолият дорад, ки дар таҷрибаи кишвар аввалин муассисаи табобатии мукаммали наздидонишкадавӣ мебошад.

Инчунин, ҳайати профессорон ва омӯзгорони донишкада бо як қатор давлатҳои хориҷӣ ҳамкории доимӣ дар самти табодули таҷриба ва коромӯзӣ доранд, инчунин ҳамасола аз хориҷи кишвар барои хондани дарсҳои амалӣ ва назариявӣ олимон даъват карда мешаванд.

Зикр гардид, ки ҳамакнун 393 нафар нахустин донишҷӯён Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон»-ро хатм намуда, ҳамчун мутахассиси соҳа ба фаъолияти корӣ оғоз менамоянд.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: «Омода намудани мутахассисон ва бо кадрҳои устувору соҳибкасб таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ аз ҷумлаи вазифаҳои асосӣ ва афзалиятноки соҳаи тандурустии кишвар мебошад».

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аввалин хатмкунандагони донишкадаи мазкурро дар анҷоми суханронии хеш бори дигар табрику шодбош гуфта, ба фаъолияти минбаъдаи онҳо барору муваффақият таманно кард.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Рушди хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Комиссия оид ба тандурустии Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин

Ҷорӣ намудани ҷарроҳии кошти ҳалзун барои беморони камшунаво ва ношунавои мутлақ

Ифтитоҳи бинои шуъбаи сироятӣ дар ноҳияи Қубодиён

Search