Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо Президенти TİKA Абдуллоҳ Эрен

Имрӯз, 24-уми июни соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо Президенти Агентии Туркия оид ба ҳамкории байналмилалӣ (TİKA) Абдуллоҳ Эрен вохурӣ намуд. Дар вохурӣ ҳамзамон муовинони вазир Зулфия Абдусаматзода, Ҳабибулло Хайруллозода, Сафири Туркия дар Тоҷикистон Умут Аҷар, ноиби Президенти ТИКА Бура Айдин, ҳамоҳангсози ТИКА дар Тоҷикистон Ибраҳим Этҳем Унал ва сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат ширкат варзиданд.

Нахуст Ҷамолиддин Абдуллозода меҳмононро ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, барои таваҷҷуҳи доимӣ ба рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ба роҳбарияти ТИКА изҳори миннатдорӣ баён кард.

Аз ҷумла номбурда иброз дошт, ки “мо саҳми арзишманди Агентии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии Туркия (TİKA)-ро дар таҳкими ҳамкориҳои дустона ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркия, бахусус дар соҳаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, рушди захираҳои инсонӣ ва таҳкими инфрасохтори иҷтимоӣ баланд арзёбӣ менамоем”.

Қайд гардид, ки имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди сармояи инсонӣ, таҳкими низоми тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ аҳамияти махсус зоҳир менамояд. Дар ин замина, ҳамкориҳои судманд бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла TİKA барои татбиқи ҳадафҳои миллӣ аҳамияти муҳим доранд.

Дар ин замина, гуфта шуд, ки дар солҳои гузашта бо дастгирии TİKA як қатор барномаҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ барои мутахассисони тоҷик дар муассисаҳои пешрафтаи Ҷумҳурии Туркия амалӣ гардида, барои такмили донишҳои касбӣ, табодули таҷриба ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири ташхису табобат заминаи мусоид фароҳам оварданд.

Махсусан, таъмиру таҷдиди бахши мардонаи Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои руҳӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, таъсиси марказҳои диализ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент ва Бохтар, инчунин бунёди Маркази тавонбахшии кӯдакони гирифтори аутизм ва шахсони дорои маъюбият дар минтақаи Шарора аз ҷумлаи иқдомҳои муҳиме мебошанд, ки ба беҳтар гардидани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ мусоидат намуданд.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия, ки бар пояи дӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва арзишҳои муштарак бунёд ёфтаанд, минбаъд низ густариш ёфта, ба рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ва таҳкими муносибатҳои дустонаи байни ду кишвари бародар мусоидат хоҳанд намуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Рушди хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Комиссия оид ба тандурустии Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин

Ҷорӣ намудани ҷарроҳии кошти ҳалзун барои беморони камшунаво ва ношунавои мутлақ

Ифтитоҳи бинои шуъбаи сироятӣ дар ноҳияи Қубодиён

Search