Нишасти матбуотӣ. Аз фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар шашмоҳаи аввали соли 2026 натиҷагирӣ карда шуд

Имрӯз, 08-уми июли соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақшаи тасдиқнамудаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо аз 18 июни соли 2026, №26/10 – 814 вобаста ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2026 мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, № АП-1677 бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар нимсолаи аввали соли 2026 нишасти матбуотӣ доир гашт.

Дар нишасти матбуотӣ муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломуддин Юсуфӣ, муовинони вазир Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, Ҳабибулло Хайруллозода, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулло Сафарзода, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, сардорони раёсату шуъбаҳои зерсохтори вазорат, роҳбарони хадамотҳои соҳавӣ, марказҳои ҷумҳуриявӣ зиёда аз 40 нафар намояндагони ВАО-и дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд.

Тибқи тартиби муқарраргардида, нахуст муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ доир ба фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар шашмоҳаи аввали соли 2026 мухтасар маълумот дод.

Қайд гардид, ки кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми нимсолаи аввали соли 2026 фаъолияти хешро ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ идома дода, ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гаштанд.

Дар ин замина, бо изҳори хушнудӣ таъкид гардид, ки руйдоди муҳими таърихӣ ва фаромушнашаванда дар давраи ҳисоботӣ барои соҳаи тандурустии на танҳо Тоҷикистон, балки барои тибби ҷаҳон-ин моњи майи соли равон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис додани Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб ба шумор меравад, ки кулли кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат аз ин иқдоми беназир ниҳоят шоду масрур гаштанд.

“Воқеан ҳам ташаббуси навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб иқдоми камназир дар сатҳи байналмилалӣ буда, қадами муҳим дар самти омӯзиши осори илмии ин фарзанди фарзонаи мардуми тоҷик дар ҷаҳон мебошад ва барои рушди илми тиб ва низоми байналмилалии тандурустӣ нақши муассир хоҳад гузошт”,-зикр гашт дар нишасти матбуотӣ.

Зикр гардид, ки баҳри дастрасии бештари аҳолӣ ба хизматрасониҳои босифати тиббӣ дар давраи ҳисоботӣ бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар як қатор иншоотҳои нави тандурустӣ, аз ҷумла бинои иловагии Беморхонаи маркази ноҳияи Мастчоҳ, Таваллудхона дар ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ва Маркази ташхисию табобатии Нейромед дар шаҳри Хуҷанд мавриди истифода қарор дода шуданд.

Инчунин, гуфта шуд, ки дар доираи татбиқи сиёсати давлатии муайяннамудаи Пешвои миллат муњтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар заминаи устувор барои рақамикунонии соҳа фароҳам оварда шудааст ва дар ин росто, дар ҳамкории зич бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Харитаи роҳ оид ба рушди рақамикунонии соҳаи тандурустӣ таҳия ва марҳила ба марҳила амалӣ шуда истодааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи њисоботї дар соҳа дар умум 40 навгонї ворид карда шудааст, ки аз инҳо – 4 навгонӣ дар самти ташхис ва 36 навгонӣ дар самти табобат мебошанд.

Мувофиқи маълумотҳои омори пешакӣ, дар 6 моҳи соли 2026, дар ҷумҳурӣ 121 810 нафар кӯдакон таваллуд шудаанд, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли 2025 (120 673 нафар) 1 137 нафар зиёд мебошад.

Таҳлилу омўзиши вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ муайян намуд, ки дар натиҷаи гузаронидани маҷмўи чорабиниҳои пешгирию ташхисӣ ва маҳдудкунонӣ ҳодисаи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла домана, вабо, тоун, табби хунин, ҳорӣ, фалаҷ ва лептоспироз ба қайд гирифта нашудааст.

Дар ин давра аз ҷониби мутахассисон 4 162 (4 582) адад санҷишҳои санитарии ҷорӣ ва эпидемиологӣ дар иншоотҳои гуногун гузаронида, барои ҷавобгӯй набудан ба қоидаю меъёрҳои санитарӣ ва риоя накардани талаботҳои санитарию эпидемиологӣ ба 5 734 (5 006) нафар шахсони масъул протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Дар 6 моҳи соли 2026 дар муассисаҳои тандурустии мамлакат 22 763 нафар табиб ва 65 496 нафар корманди миёнаи тиббӣ кор мекунанд, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 2,7 ва 2,6 % зиёд мебошад. Тибқи оморҳои пешакӣ банд будани воҳидҳои кории табибон 95,7 ва кормандони миёнаи тиббӣ 100% – ро ташкил дода, нисбат ба як соли пешин тахминан 2,2 ва 0,4% зиёд мебошад.

Бо мақсади иҷрои банди 59-и “Тартиби гузаронидани аттестатсияи кадрҳои тиббӣ ва фарматсевтии Љумњурии Тољикистон” дар 6 моњи соли 2026 – 1 142 нафар табибон ва 2 143 нафар кормандони миёнаи тиббї ба аттестатсия фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба 6 моњи соли 2025 мутаносибан (605) 537 нафар табибон зиёд ва (3080) 937 нафар кормандони миёнаи тиббӣ кам мебошад.

Дар давраи мазкур дар шўроҳои диссертатсионии фаъолиятдошта 36 рисолаҳои номзадӣ ва 4 рисолаҳои докторӣ ҳимоя карда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 14 рисолаи номзадӣ ва 4 рисолаи докторӣ кам мебошад.

Дар ин давра бо мақсади рушди истеҳсоли ватанӣ дар соҳаи фарматсия Барномаи рушди саноати фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 бо қарори алоқаманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Тавре зикр гашт, дар 6 моҳи соли 2026 аз ҷониби вазорат ба муассисаҳои табобатию пешгирии ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 36,8 млн сомонӣ таҷҳизот ва асбобу лавозимоти тиббӣ дастрас карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ оид ба татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ корҳои муайяне ба анҷом расонида шуданд. Ба ҳолати 1 июли соли 2026 аз ҷониби ҳамаи сохторҳо, ташкилоту муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар умум ба 445 947 нафар шаҳрвандони осебпазир ва дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта кумак ва хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ расонида шудааст.

Шумораи умумии хонаводаҳои камбизоат бо назардошти гирандагони кумакпулии унвонии иҷтимоии соли 2025 дар маҷмуъ 234 590 хонавода буда, 14,2 фоизи нақшаи фарогирии солонаро ташкил медиҳад, ки 1,4 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Маблағгузории кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар 6 моњи соли 2026 дар ҳаҷми 120 373 617 сомонӣ амалӣ шудааст, ки 92,0 фоизи нақшаи нимсолаи якумро ташкил медиҳад.

Ба ҳолати 30 июни соли 2026 шумораи умумии шахсони маъюб дар кишвар 172 394 нафарро ташкил намуда, ҳиссаи маъюбон нисбат ба аҳолии кишвар 1,6% мебошад.

Бо мақсади беҳтаркунии инфрасохтори муассисаҳои тандурустӣ дар 6 моҳи соли 2026 аз ҳама сарчашмаҳо 46 муассисаҳо, аз ҷумла 36 муассисаҳои КАТС, 6 муассисаҳои госпиталӣ ва 4 муассисаҳои хусусӣ сохта шуд. Дар баробари ин, айни замон дар 95 муассиса (67 муассисаҳои КАТС, 21 муассисаҳои госпиталӣ ва 7 муассисаҳои хусусӣ) корҳои сохтмонӣ идома доранд. Дар ин давра 61 муассисаҳо (45 муассисаҳои КАТС ва 16 муассисаҳои госпиталӣ) таъмир гардида, дар 125 муассиса (76 адад муассисаҳои КАТС, 43 адад муассисаҳои госпиталӣ ва 6 адад муассисаҳои хусусӣ) корҳои таъмирӣ идома доранд.

Пас аз пешниҳоди маълумоти мухтасар доир ба фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар нимсолаи аввали соли 2026 бахши саволу ҷавоб миёни рӯзноманигорон ва роҳбарият вазорат доир шуд.

Дар навбати худ намояндагони воситаҳои ахбори омма доир ба масъалаҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ саволҳо пешниҳод намуданд, ки роҳбарияти вазорат ва масъулини соҳа ба ҳамаи онҳо посухҳои мушаххас ва қонеъкунанда доданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» қабул гардид

Ворид гардидани усулҳои нави ҷарроҳӣ дар шараёнҳои майнаи сар

Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ

Ҷаласаи гурӯҳи кории доимоамалкунанда доир ба ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдоштаи назди Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РЕФЕРЕНСӢ. Соли 2024 ба зиёда аз ду ҳазор нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба тариқи ройгон ташхисҳои озмоишгоҳӣ гузаронида шуд

Ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи экспертизаи тиббӣ-судӣ густариш меёбад

Search