Таҳлили вазъи бемориҳои сироятӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Аз ҷониби мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд дар шӯъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи ноҳиявии №4-и Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таҳлили вазъи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории зардпарвини шадиди вирусии намуди «А», гузаронида шуд.

Зимни таҳлил вазъи эпидемиологӣ, ҷараёни табобати беморон ва чораҳои пешгирии паҳншавии беморӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷараёни боздид директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд Раҳмонзода Султон Раҳмон иштирок намуда, бо беморон ва волидайни онҳо суҳбат анҷом дод. Ба онҳо оид ба роҳҳои сироятёбӣ, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, истифодаи оби безарар, шустани дастон ва дигар тадбирҳои пешгирии бемории зардпарвини вирусии намуди «А» корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.

Таъкид гардид, ки риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва муроҷиати саривақтӣ ба муассисаҳои тиббӣ яке аз омилҳои асосии пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ мебошад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ

Муаррифии лоиҳаи “Дастгирии чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ оид ба таъминоти микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ дар муассисаҳои тиббӣ”

Иштирок дар 24-умин Форуми глобалии ғизои кӯдакон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ

Тағироти кадрӣ дар Донишгоҳи тиббӣ

Search
爱思助手汽水音乐下载易歪歪汽水音乐telegramtelegram下载tg下载telegram