Оғози форуми байналмилалӣ дар мавзуи “Кори иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ва рушди он дар даврони истиқлолият”

Имрӯз дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ”-и шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба кори иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар мавзӯи «Кори иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ва рушди он дар давраи истиқлолият» оғоз ёфт. Форуми дурӯза мақомоти давлатӣ, роҳбарони соҳа, олимон ва шарикони рушдро аз ҳашт кишвар дар як макон гирд овард.

Ташаббускори чорабинӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он тавассути Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо дастгирии ЮНИСЕФ баргузор мегардад. Ҳадафи асосии форум таҳкими иқтидори кадрии хадамоти иҷтимоӣ ва густариши ҳамкории минтақавӣ дар самти ҳифзи кӯдакони осебпазир, дастгирии оилаҳо ва тарғиби хизматрасониҳои фарогири иҷтимоӣ мебошад.

Дар форум Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Эри Двиведӣ, иҷрокунандаи вазифаи Намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ва дигар намояндагони мақомоти давлатӣ, муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид, шарикони рушд, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муассисаҳои академӣ аз Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Австрия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷопон ширкат варзиданд.

Дар маросими ифтитоҳи ҳамоиш қайд гардид, ки Тоҷикистон дар таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ тавассути ислоҳоти стратегӣ ва сармоягузорӣ ба навсозии низом пешрафти назаррас ба даст овардааст. Ба гуфтаи ӯ, таваҷҷуҳи асосии кишвар минбаъд ба ташаккули кадрҳои соҳибихтисос ва таҳкими ҳамкорӣ миёни соҳаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар бахшҳо равона хоҳад буд, то ба кӯдакон, оилаҳо ва шахсони осебпазир кумаки саривақтӣ ва ҳамгирошуда расонида шавад.

Иҷрокунандаи вазифаи Намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Эри Двиведӣ низ дар суханронии худ аҳамияти нақши кормандони иҷтимоиро таъкид кард. Ба андешаи ӯ, кормандони иҷтимоӣ дар меҳвари талошҳо барои пешгирии зӯроварӣ, дастгирии оилаҳо, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва таъмини дастрасии осебпазиртарин афрод ба хизматрасониҳои зарурӣ қарор доранд, ва сармоягузорӣ ба ин соҳа дар асл сармоягузорӣ ба низомҳои давлатии муассир ва натиҷаҳои беҳтар барои ҳар як кӯдак маҳсуб меёбад.

Иштирокчиёни форум таъкид намуданд, ки кормандони иҷтимоии ҳамаҷониба омодагардида дар пешгирии ҷудошавии кӯдак аз оила, вокуниш ба зӯроварии нисбати кӯдакон, дастгирии кӯдакони дорои маъюбият ва дигар гурӯҳҳои осебпазир, инчунин таҳкими устувории ҷомеа нақши муҳим мебозанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар давоми ду рӯз иштирокчиён дар шаш муҳокимаи панелии мавзӯӣ ширкат меварзанд, ки дар онҳо масъалаҳои зерин баррасӣ мегарданд:

– таҳкими ҳамкории минтақавӣ;

– кейс-менеҷменти ҳамгирошуда (идоракунии парванда);

– навоварӣ ва рақамикунонӣ дар хизматрасониҳои иҷтимоӣ;

– таҳсилоти касбии кормандони иҷтимоӣ.

Ҳамзамон Форум бо қабули Эъломия ҷамъбаст мегардад, ки дар он афзалиятҳои муштарак ва иқдоми минбаъда оид ба таҳкими кори иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ва тамоми минтақа муайян карда мешаванд. Ҳамчунин, барои кормандони иҷтимоӣ мастер-класси амалӣ оид ба усулҳои кейс-менеҷмент ва нақши онҳо дар пешбурди ҳифзи ҳуқуқи кӯдак баргузор мегардад.

Боиси зикр аст, ки Форуми мазкур инъикоси ҳамкории бисёрсолаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ дар таҳкими низомҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳифзи кӯдак мебошад, ҳамкорие, ки ба ташаккули кадрҳои касбӣ ва устувори хадамоти иҷтимоӣ равона шуда, ба ҳар як кӯдак ва ҳар як оилаи ниёзманд кумак мерасонанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Барои беморони саратони ғадуди зери меъда аввалин маротиба дар кишвар ба воситаи таҷҳизоти видеоэндоскопӣ ҷарроҳӣ гузаронида шуд

Ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли сӯзандору ва система барои доруи қатрагии ҶДММ «Сино медикал» дар шаҳри Истаравшан

Ӯзбекистон: иштироки мутахассисони тоҷик дар даври омӯзишӣ дар самти такмили ихтисоси менеҷмент ва идоракунӣ дар соҳаи тандурустӣ

ХИЗМАТРАСОНӢ БА БОШАНДАГОН БЕҲТАР МЕГАРДАД. Дар Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор шуъбаи тавонбахшӣ ба истифода дода шуд

Баррасии чор масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

Тағироти кадрӣ дар Донишгоҳи тиббӣ

Search