ДАЪВАТ БАРОИ ПЕШНИҲОДИ ИЗҲОРОТИ МАНФИАТМАНДӢ Лоиҳаи «Тақвияти амнияти минтақавии тандурустӣ ва хизматрасониҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ»

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАЪВАТ БАРОИ ПЕШНИҲОДИ ИЗҲОРОТИ МАНФИАТМАНДӢ

Лоиҳаи «Тақвияти амнияти минтақавии тандурустӣ ва хизматрасониҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ»

Рақами грант: E-059108-001 TAJ
Рақами интихоби машваратчӣ: 228640
Бастаи № CS-01 – Ширкати машваратӣ оид ба тарҳрезии меъморӣ ва назорати сохтмон

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи Лоиҳаи «Тақвияти амнияти минтақавии тандурустӣ ва хизматрасониҳои кумаки аввалияи тиббӣ» аз Бонки Осиёии Рушд (БОР) маблағгузорӣ гирифтааст ва ният дорад як қисми маблағҳои мазкурро барои ҷалби хизматрасониҳои машваратӣ истифода намояд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми иҷроияи лоиҳа ширкатҳои машваратии байналмилалии соҳибтахассусро барои пешниҳоди хизматрасониҳо оид ба тарҳрезии меъморӣ ва назорати сохтмон дар доираи бастаи № CS-01 ба ҳамкорӣ даъват менамояд.

Доираи хизматрасониҳои машваратӣ таҳияи лоиҳаҳои меъморӣ ва муҳандисӣ, мушаххасоти техникӣ, нақшаҳо, ҳисобҳои арзиш ва ҳуҷҷатҳои дахлдори тендерӣ, инчунин назорати сохтмон ва идоракунии шартномаҳои корҳои сохтмониро дар доираи лоиҳа дар бар мегирад.

Маълумоти асосӣ:

  • Рақами интихоби машваратчӣ: 228640
  • Баста: CS-01
  • Номи баста: Ширкати машваратӣ оид ба тарҳрезии меъморӣ ва назорати сохтмон
  • Навъи машваратчӣ: Ширкат
  • Усули интихоб: Интихоби сифат ва арзиш (QCBS)
  • Пешниҳоди техникӣ: Пешниҳоди пурраи техникӣ (FTP)
  • Манбаи ҷалб: Байналмилалӣ
  • Мӯҳлати иҷрои хизматрасонӣ: 30 моҳ
  • Санаи тахминии оғози хизматрасонӣ: 10 декабри соли 2026

Ширкатҳои машваратии ҳавасманд ва соҳибтахассус даъват карда мешаванд, ки Изҳороти манфиатмандии худро (EOI) тибқи сиёсат ва расмиёти амалкунандаи Бонки Осиёии Рушд пешниҳод намоянд.

Раванди интихоби ширкати машваратӣ тавассути системаи идоракунии машваратчиёни Бонки Осиёии Рушд (ADB CMS) гузаронида мешавад.

Ширкатҳои ҳавасманд барои гирифтани маълумоти муфассал оид ба хизматрасонӣ, талаботи тахассусӣ ва тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо метавонанд ба низоми ADB CMS муроҷиат намоянд.

Муҳлати пешниҳоди Изҳороти манфиатмандӣ: то 2 октябри соли 2026

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

Баррасии рафти татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

“Муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои  Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ”

ТАВАҶҶУҲ. Хуруҷи варианти нави коронавируси COVID-Omicron XBB дар кишвар асоси воқеӣ надорад

Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти таълими кафедраҳои Донишгоҳи тиббӣ ва Донишкадаи баъдидипломӣ шинос шуд

Search
Telegram下载旺旺商聊Banana财务Telegram中文版Telegram官网有道翻译下载有道翻译官网易歪歪有道翻译