ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАЪВАТ БАРОИ ПЕШНИҲОДИ ИЗҲОРОТИ МАНФИАТМАНДӢ
Лоиҳаи «Тақвияти амнияти минтақавии тандурустӣ ва хизматрасониҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ»
Рақами грант: E-059108-001 TAJ
Рақами интихоби машваратчӣ: 228640
Бастаи № CS-01 – Ширкати машваратӣ оид ба тарҳрезии меъморӣ ва назорати сохтмон
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи Лоиҳаи «Тақвияти амнияти минтақавии тандурустӣ ва хизматрасониҳои кумаки аввалияи тиббӣ» аз Бонки Осиёии Рушд (БОР) маблағгузорӣ гирифтааст ва ният дорад як қисми маблағҳои мазкурро барои ҷалби хизматрасониҳои машваратӣ истифода намояд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми иҷроияи лоиҳа ширкатҳои машваратии байналмилалии соҳибтахассусро барои пешниҳоди хизматрасониҳо оид ба тарҳрезии меъморӣ ва назорати сохтмон дар доираи бастаи № CS-01 ба ҳамкорӣ даъват менамояд.
Доираи хизматрасониҳои машваратӣ таҳияи лоиҳаҳои меъморӣ ва муҳандисӣ, мушаххасоти техникӣ, нақшаҳо, ҳисобҳои арзиш ва ҳуҷҷатҳои дахлдори тендерӣ, инчунин назорати сохтмон ва идоракунии шартномаҳои корҳои сохтмониро дар доираи лоиҳа дар бар мегирад.
Маълумоти асосӣ:
- Рақами интихоби машваратчӣ: 228640
- Баста: CS-01
- Номи баста: Ширкати машваратӣ оид ба тарҳрезии меъморӣ ва назорати сохтмон
- Навъи машваратчӣ: Ширкат
- Усули интихоб: Интихоби сифат ва арзиш (QCBS)
- Пешниҳоди техникӣ: Пешниҳоди пурраи техникӣ (FTP)
- Манбаи ҷалб: Байналмилалӣ
- Мӯҳлати иҷрои хизматрасонӣ: 30 моҳ
- Санаи тахминии оғози хизматрасонӣ: 10 декабри соли 2026
Ширкатҳои машваратии ҳавасманд ва соҳибтахассус даъват карда мешаванд, ки Изҳороти манфиатмандии худро (EOI) тибқи сиёсат ва расмиёти амалкунандаи Бонки Осиёии Рушд пешниҳод намоянд.
Раванди интихоби ширкати машваратӣ тавассути системаи идоракунии машваратчиёни Бонки Осиёии Рушд (ADB CMS) гузаронида мешавад.
Ширкатҳои ҳавасманд барои гирифтани маълумоти муфассал оид ба хизматрасонӣ, талаботи тахассусӣ ва тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо метавонанд ба низоми ADB CMS муроҷиат намоянд.
Муҳлати пешниҳоди Изҳороти манфиатмандӣ: то 2 октябри соли 2026


