Тақдими мукофотҳои давлатӣ ба кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Имрӯз, 08-уми сентябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тақдими мукофотҳои давлатӣ ба кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор гардид, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якуми вазир Саломуддин Юсуфӣ, муовинони вазир Абдухолиқ Амирзода, Ҳабибулло Хайруллозода ва кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок намуданд.

Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири мамлакат нахуст аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишварро ба муносибати ҷашни бузурги 35-умин солгарди Истиқолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош намуд.

Гуфта шуд, ки чун анъана ҳамасола бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иду ҷашнҳои бузурги миллӣ кормандони касбу кори гуногуни мамлакат барои фаъолияти пурсамар ва саҳм гузоштан дар рушду пешрафти Ватани азизамон бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ мешаванд.

Ҳамин тавр, барои натиҷаҳои назаррас нишон додан дар фаъолияти корӣ муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мукофотҳои давлатӣ-медали “Хизмати шоиста”, медали ҷашнии «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба як қатор донорони фаъол унвонии фахрии Донори ифтихории Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ёвон: ба истифода додани Маркази саломатӣ дар ҷамоати деҳоти Норин

Ифтитоҳи Маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким” дар шаҳри Бӯстон

Баррасии се масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

Чорабинии иттилоотию маърифатӣ оид ба пешгирии бемории фарбеҳӣ

Эълони ҷойи кори холӣ дар филиали ширкати “Нормека Интернешнл АС” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишасти матбуотии вазорат доир гашт

Search
爱思助手汽水音乐易歪歪HelloGPT沙盘telegram下载tg下载mumu模拟器