Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии Беморхонаи клиникии кӯдаконаи вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

20 сентябри соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздиди корӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии Беморхонаи клиникии кӯдаконаи вилоятиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур аз 7 ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 3204 метри мураббаъ мебошад.

Беморхона барои қабул ва табобати 200 нафар дар як вақт пешбинӣ шуда, дар он шуъбаҳои нави иловагии тахассусӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон ташкил карда шудаанд, ки сифати хизматрасониҳоро ба ниёзмандон ба таври назаррас боло бардоштааст.

Бо таҷҳизоти нави муосири тиббӣ таъмин гардидани беморхона барои фаъолияти самараноки мутахассисон шароити мусоид фароҳам овардааст.

Ба ғайр аз бахши табобатӣ, дар бинои нав барои пешбурди корҳои муҳимми илмию таълимӣ шароити мусоид фароҳам буда, дар он утоқҳои махсуси таълимӣ, толори баргузории конфронс ва машғулиятҳои амалӣ ташкил карда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити бинои нав ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки давлат ба ҳифзи саломатии аҳолӣ, бахусус кӯдакону наврасон таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд.

Таъмини саломатии кӯдакон яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, барои таъмини солимии насли наврас, баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ ва ташаккули ҷомеаи солим заминаи устувор фароҳам меорад.

Бинои нав бо дар назар гирифтани талаботи муосири соҳаи тандурустӣ ба фаъолият шурӯъ намуда, барои қабули беморон, гузаронидани муоинаҳои тиббӣ, ташхиси саривақтӣ ва анҷом додани табобати зарурӣ имкониятҳои муносиб фароҳам меорад.

Таъсиси 120 ҷойи корӣ дар муассиса барои ҷалби мутахассисони соҳа ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти кормандони тиб низ заминаи зарурӣ муҳайё сохтааст.

Ифтитоҳи бинои нави Беморхонаи клиникии кӯдаконаи вилояти Суғд қадами дигар дар самти татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди инфрасохтори соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ арзёбӣ мегардад.

Ифтитоҳи Беморхонаи клиникии кӯдаконаи вилояти Суғд 20.09.… | Flickr

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба татбиқи “Стратегияи пешгирӣ, назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”

Дар Хуҷанд Маркази нави ташхисию табобатии “Насли солим” ифтитоҳ гардид

Оид ба “Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ва раванди амалисозии ҳуқуқҳои иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ форуми байналмилалӣдоиргашт

Ҷаласаи корӣ оид ба тақсимоти микронутриентҳо ва витаминҳо дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”  

Ба имзо расидани санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Эрон  дар соҳаи тандурустӣ

Вохурӣ бо роҳбари навтаъйини намояндагии БОР дар Тоҷикистон Ко Сакамото

Search
爱思助手汽水音乐易歪歪HelloGPT沙盘telegram下载tg下载mumu模拟器