Оид ба рушди иқтидор дар самти таҳқиқот, далелҳои илмӣ ва одоби таҳқиқотӣ даври омӯзишӣ доир гашт

Имрӯз, 06-уми октябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон доир ба рушди иқтидор дар самти таҳқиқот, далелҳои илмӣ ва одоби таҳқиқотӣ даври омузишӣ баргузор гардид.

Дар семинар муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломуддин Юсуфӣ, сардори шуъбаи таҳкими экосистемаи таҳқиқот ва одоб, шуъбаи илм оид ба тандурустии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Таня Кухенмюллер, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат ва коршиносону мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Зимни семинар таъкид гардид, ки тақвияти истифодаи мунтазами далелҳои илмӣ ҳангоми таҳияи сиёсати тандурустӣ яке аз самтҳои муҳими такмили идоракунии соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин самт тайи солҳои охир яке аз самтҳои муҳими ҳамкории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи озмоишии рӯйхати санҷишии СҶТ/EVIPNet оид ба институтсионализатсияи қабули қарорҳо бар асоси далелҳои илмӣ (EIDM) иштирок намуд. Ин раванд таҳлили вазъият, семинари иштирокӣ ва мизи мудаввар бо иштироки ҷонибҳои манфиатдори миллӣ дар бар гирифт.

Натиҷаҳои кор нишон доданд, ки дар Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи қабули қарорҳо бар асоси далелҳои илмӣ заминаҳои муҳим мавҷуданд. Аз ҷумла, уҳдадорӣ ва роҳбарии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, барқарор гардидани фаъолияти Гурӯҳи таҳлили тандурустӣ, инчунин ҳамкории фаъол бо муассисаҳои илмӣ ва шарикони рушд аз ҷумлаи чунин заминаҳо мебошанд.

Гурӯҳи таҳлили тандурустӣ, ки фаъолияти он соли 2024 барқарор гардид, ҳамчун яке аз ҳалқаҳои муҳими пайвасткунандаи далелҳои илмӣ бо ниёзҳои сиёсати тандурустӣ арзёбӣ гардид. Ин гурӯҳ метавонад дар ҷалби муассисаҳои илмӣ ва академӣ, коҳиш додани такроршавии фаъолиятҳо ва дастгирии таҳия, татбиқ ва арзёбии сиёсати тандурустӣ нақши муҳим дошта бошад.

Дар доираи чорабинӣ масъалаҳои таҳкими экосистемаи тадқиқот ва одоби тадқиқот, баланд бардоштани эътимоднокии натиҷаҳои илмӣ, риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва истифодаи мунтазами далелҳои илмӣ дар қабули қарорҳои сиёсӣ ва барномавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳадафҳои асосӣ чорабинӣ -ин табдил додани хулосаҳои таҳлили вазъият ва нақшаи амалҳои мувофиқашуда оид ба EIDM ба қадамҳои мушаххаси институтсионалӣ, харитасозии муассисаҳои калидӣ, вазифаҳо ва робитаҳои мутақобила дар экосистемаи тадқиқот, далелҳои илмӣ ва одоби тадқиқот, муайян намудани норасоиҳои афзалиятнок дар ҳамоҳангсозӣ ва ҳамгироӣ бо равандҳои қабули қарорҳо бар асоси далелҳои илмӣ, гузаронидани худбаҳодиҳии сохторёфтаи низоми назорат дар соҳаи одоби тадқиқот, таҳкими робита байни идоракунии тадқиқот, одоби тадқиқот ва истифодаи далелҳои илмӣ дар таҳияи сиёсат ва мувофиқа намудани матритсаи афзалиятноки амалҳои минбаъда барои 12 моҳ бо муайян намудани муассисаҳои масъул, муҳлатҳои иҷро ва самтҳои дастгирии техникӣ муайян гардиданд.

Дар фарҷоми семинар таъкид гардид, ки таҳкими ҳамкории муассисаҳои давлатӣ, илмӣ ва шарикони рушд, баланд бардоштани иқтидори тадқиқотӣ ва рушди механизмҳои истифодаи далелҳои илмӣ метавонанд ба қабули қарорҳои муассиртар ва такмили сиёсати соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намоянд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ

Муаррифии лоиҳаи “Дастгирии чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ оид ба таъминоти микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ дар муассисаҳои тиббӣ”

Иштирок дар 24-умин Форуми глобалии ғизои кӯдакон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ

Тағироти кадрӣ дар Донишгоҳи тиббӣ

Search
爱思助手汽水音乐下载易歪歪汽水音乐telegramtelegram下载tg下载telegram