Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар вазорат

Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 5-уми октябр дар кишвар ҷашн гирифта мешавад, имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ иброз гардид, ки воқеан ҳам забон рукни муҳими давлатдорӣ ва нишонаи ҳар қавму миллат ба шумор рафта, он ҷузъи тамаддуни умумибашарӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки дар дунё ҳар қавму миллатро бо забонаш мешиносанд ва эътироф мекунанд.

Боиси хушнудист, ки тоҷикон ҳамчун миллати соҳибтамаддун ва дорои таърихи бою ғанӣ низ аз қадимулайём соҳибзамон буданд.

Таърих собит намудааст, ки гузаштагонамон ҳазорҳо сол пеш аз ин дорои як забон- забони ориёӣ будаанд. Бо мурури замон ва гузашти садсолаҳо аз шохаҳои забони ориёӣ дигар забонҳо вобаста ба давру замон ва макону маҳалҳо ба вуҷуд омаданд. Бо вуҷуди ҳамагуна тохтутозҳои бераҳмонаву ғоратгарона, сухтору қатлу куштор, шикасту парокандагӣ ва хусумату таассубҳо соҳибзабонон тавонистанд бақою асолати забони тоҷикиро нигоҳ доранд ва онро аз таъсири дигар забонҳо наҷот диҳанд.

Маҳз ақлу хиради азалии миллати тоҷик боис бар он гардид, ки забони модариашон дар тули ҳазорсолаҳо муҳофизат карда шуда, он мақому мартабаи хешро дар байни дигар забонҳо нигоҳ дорад.

Осори бою гаронбаҳо ва пурарзиши адибону олимони фарзона, ҳамчун пири ҳакимони замона- чун Рӯдакии Панҷрудиву Фирдавсии Тусӣ, Абуалӣ ибни Синои Бухороиву Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Абурайҳони Беруниву Бедил, Саъдиву Ҳофизи Шерозу Абдураҳмони Ҷомӣ, Шоҳини Хатлониву Аҳмади Дониш ва садҳои дигар тайи зиёда аз ҳазору сад сол ҷаҳони ботини инсониятро шаҳомати маънавӣ бахшида, дар масъалаи ба арши аъло расонидани забони тоҷикӣ саҳми муносиб гузоштаанд.

Ба шарофати ҳунару истеъдоди азалии чунин фарзандони фарзонаи миллат на танҳо забони тоҷикӣ то замони мо омада расид, балки ба оламиён ҳамчун забони олимону орифон ва нобиғагон шинохта шуд.

Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба нақши таърихии бисёрасраи забони тоҷикӣ чун забони расмии давлатӣ ва муоширати миёни қавмҳои гуногун таъкид кардаанд: “Забони модарии мо – забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад. Яъне миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст”.

Пас аз ба даст овардани истиқлоли комили миллӣ забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои бевоситаи давлат ва Ҳукумати мамлакат, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт.

Махсусан дар ин давра баҳри рушди замони тоҷикӣ дар кишвар як қатор барнома ва ҳуҷҷатҳои соҳавӣ қабул карда шуданд, ки баҳри баланд бардоштани мақому манзалати он дар ҷомеа нақши муҳими хешро гузошта истодаанд.

Дар ин росто, маврид ба тазаккур аст, ки то имрӯз китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони “Забони миллат – ҳастии миллат” дар ду ҷилд ба нашр расида, пешниҳоди хонандагон гардидааст.

Роҳбари давлат ҳадафи аслии чопи китобро дар сарсухан чунин баён кардаанд: «Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёконам мебошад. Аз ин рӯ, ман ба ин забони шевои шоирона сидқан арҷ мегузорам, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ аз минбарҳои баланд бо ин забон сухан мегӯям, аз лаҳни шакарину дилнишинаш лаззати маънавӣ мебарам ва ҳастиамро бо ҳастии забон пайванд медонам”.

Қарзи фарзандӣ ва рисолати инсонии мост, ки забони модариамон, яъне ин забони ширину шоиронаро баробари модари худ азиз шуморем, дӯст дорем, онро мисли модар, ки моро ба дунё оварда, меҳри забонро бо шири поку ҷонбахш ва муҳаббати онро бо аллаи гӯшнавозаш дар ҷисму ҷони мо ҷой кардааст, эҳтирому эҳтиёт кунем ва мисли гаронбаҳотарин сарвати умрамон ҳамеша гиромӣ дорем.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

ДАСТОВАРДИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Ба зиёда аз 100 нафар гирифтори бемории фарбеҳӣ ва оқибатҳои он амалиётҳои ҷарроҳии бариатрикӣ бомуваффақият гузаронида шуд

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Тоҷикистон

Рақамикунонии соҳа-талаби замон. Дар кишвар системаи иттилоотии бақайдгирии натиҷаҳои скрининги гарданаки бачадон ҷорӣ мешавад

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино боздид намуда, бо унвони “Профессори фахрӣ”-и донишгоҳи мазкур сарфароз гардиданд

Ифтитоҳи озмоишгоҳи анатомӣ, физикӣ, биологӣ ва бинои маркази тестӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор

Search
爱思助手汽水音乐下载易歪歪汽水音乐telegramtelegram下载tg下载telegram