Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо иштироки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Восеъ Маркази саломатии деҳаи Кадучӣ-1 ба истифода дода шуд.
Тавре масъулин иттилоъ доданд, муассисаи навбунёди тандурустӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ сохта ва мавриди истифода қарор гирифтааст.
Маркази саломатӣ аз 8-ҳуҷраи кушоду барҳаво иборат буда, дар он 3-нафар табиб ва 26-нафар корманди миёнаи тиб ба аҳолии деҳа хизматрасонии тиббиро таъмин хоҳанд намуд.
Маврид ба зикр аст, ки аҳолии деҳаи Кадучӣ-1-и ноҳияи Восеъ аз 1015 хоҷагӣ иборат буда, шумораи аҳолии он 9974 нафарро дарбар мегирад.
Баъди ба истифода додани бинои хуштарҳу замонавии Маркази саломатӣ сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, махсусан ёрии аввалияи тиббӣ ба сокинони ин деҳа боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ монда хоҳад шуд.
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ифтитоҳи Маркази саломатӣ иброз дошт, ки мақсад ва ҳадаф аз бунёд ва ба истифода додани иншоотҳои соҳаи тандурустӣ-ин пеш аз ҳама расонидани хизмати тиббию санитарӣ ба аҳолӣ мебошад.
Номбурда ба истифода додани чунин муассисаи тандурустии замонавиро ба аҳолии деҳаи мазкур ва дар умум кулли сокинони ноҳияи Восеъ табрик намуда, онро туҳфаи арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ноҳияи мазкур бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ кард.
Дар идома Ҷамолиддин Абдуллозода аз кормандони Маркази саломатии навбунёд даъват ба амал овард, ки бо истифода аз шароиту имконоти муосири муҳайёгардида тамоми кӯшиш ва талоши худро баҳри таъмини солимии аҳолӣ равона созанд.
Қобили зикр аст, ки бунёд ва мавриди истифода қарор додани чунин Маркази саломатии муосир аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимии Роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар самти боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дарак медиҳад.


