Даъват барои пешниҳоди изҳори ҳавасмандӣ барои ишғоли вазифаи “Машваратчӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ” (ним басти корӣ)

Даъват барои пешниҳоди изҳори ҳавасмандӣ барои ишғоли вазифаи “Машваратчӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ” (ним басти корӣ)

09/10/2026

Лоиҳа: Грантҳои Хазинаи глобалӣ оид ба ВНМО ва сил
Ташкилоти иҷрокунанда: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҳалли иҷрои вазифа: ш.Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Намуди шартнома: Шартномаи меҳнатӣ / Ним басти корӣ
Санаи пешбинишудаи оғози кор: 1 ноябри соли 2026, бо давраи санҷишии се моҳ

1. Маълумоти умумӣ

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВТҲИА ҶТ) дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва бо дастгирии Хазинаи Глобалӣ грантҳои марбут ба ВНМО ва силро татбиқ менамояд, ки ҳадафи онҳо коҳиш додани сатҳи паҳншавии ВНМО ва бемории сил дар кишвар тавассути татбиқи чорабиниҳои ба далелҳо асосёфта, беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои пешгирӣ, ташхис, табобат ва нигоҳубин, таҳкими низоми тандурустӣ ва дастгирии гурӯҳҳои осебпазир ва аҳолии калидӣ мебошад.

Лоиҳа тибқи Созишномаи байни БРСММ, ки ҳамчун Гирандаи асосӣ (Principal Recipient – PR) оид ба грантҳои Хазинаи Глобалӣ дар Тоҷикистон амал мекунад ва ВТҲИА ҶТ татбиқ карда мешавад.

Дар ин замина, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадҳои соҳибтахассусро барои ишғоли вазифаи Машваратчӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ҷиҳати мусоидат ба татбиқи самараноки грантҳои Хазинаи глобалӣ ба кор даъват менамояд.

 

2. Вазифаҳо ва уҳдадориҳои асосӣ

  • Машварат ва дастгирии ҳуқуқӣ;
  • Идоракунии шартномаҳо ва созишномаҳо;
  • Дастгирии ҳуқуқӣ дар соҳаи харид ва риояи талабот;
  • Идоракунии институтсионалӣ, одоби касбӣ ва хавфҳо;
  • Дастгирӣ ҳангоми аудит, баррасиҳо ва таҳқиқот;
  • Ҳалли баҳсҳо ва дастгирии мурофиаи судӣ;
  • Ҳуҷҷатгузорӣ ва ҳисоботдиҳӣ.

 

3. Таҷрибаи касбӣ

  • ҳадди ақал 7 сол таҷрибаи касбии корӣ дар соҳаи ҳуқуқ;
  • таҷрибаи корӣ дар самтҳои зерин:
    • ҳуқуқи шартномавӣ;
    • қонунгузорӣ дар соҳаи харид;
    • идоракунии давлатӣ;
    • лоиҳаҳое, ки аз ҷониби донорҳо маблағгузорӣ мешаванд;
  • таҷрибаи корӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ё шарикони рушд бартарии ҷиддӣ ба ҳисоб меравад;
  • таҷрибаи кор дар доираи барномаҳои аз ҷониби Хазинаи глобалӣ дастгиришаванда бартарӣ ба ҳисоб меравад.

4. Салоҳиятҳои техникӣ

Дониши амиқ дар соҳаҳои зерин:

  • низоми ҳуқуқӣ ва меъёрии миллӣ;
  • қонунгузорӣ дар соҳаи харид;
  • идоракунии шартномаҳо;
  • низомҳои таъмини мутобиқат ва идоракунӣ;
  • донистани талаботи донорҳо оид ба таъмини мутобиқат;
  • малакаҳои қавии таҳлилӣ ва таҳияи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ;
  • малакаҳои аълои муошират ва гуфтушунид.

 

5. Талаботи забодонӣ

  • Донистани озодонаи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳатмӣ мебошад;
  • Донистани забони англисӣ дар сатҳи корӣ бартарӣ ба ҳисоб меравад.

 

6. Тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо

Номзадҳои ҳавасманд ва соҳибтахассус бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

  • Тарҷумаи ҳол (CV);
  • Номаи ҳавасмандӣ (Cover Letter).

Ҳуҷҷатҳои номзадҳо бояд ба суроғаи зерин ирсол карда шаванд:

rahmatulloeva.kh@gmail.com  бо ирсоли нусха ба ibandaev@list.ru пешниҳод карда шаванд.

Суроғаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо:
кӯчаи Шевченко 69, шаҳри Душанбе.

Муҳлати ниҳоии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо: 22 октябри соли 2026, то соати 9:00 бо вақти маҳаллӣ.

Танҳо бо номзадҳое, ки ба рӯйхати кӯтоҳ дохил карда мешаванд, тамос гирифта мешавад.

ВТҲИА ҶТ ҳуқуқ дорад ҳама ё як қисми дархостҳои пешниҳодшударо бидуни шарҳи сабабҳо рад намояд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Барои беморони саратони ғадуди зери меъда аввалин маротиба дар кишвар ба воситаи таҷҳизоти видеоэндоскопӣ ҷарроҳӣ гузаронида шуд

Ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли сӯзандору ва система барои доруи қатрагии ҶДММ «Сино медикал» дар шаҳри Истаравшан

Ӯзбекистон: иштироки мутахассисони тоҷик дар даври омӯзишӣ дар самти такмили ихтисоси менеҷмент ва идоракунӣ дар соҳаи тандурустӣ

ХИЗМАТРАСОНӢ БА БОШАНДАГОН БЕҲТАР МЕГАРДАД. Дар Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор шуъбаи тавонбахшӣ ба истифода дода шуд

Баррасии чор масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

Фаъолияти анҷомдодаи  лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” (P178878)  дар соли 2024

Search
爱思助手汽水音乐下载易歪歪汽水音乐telegramtelegram下载tg下载telegram