Санаи 07 октябри соли 2026 дар ноҳияи Айнӣ, ки яке аз ноҳияҳои пилотии (таҷрибавии) интихобшудаи амалинамои низоми ҳамгирошудаи кейс-мененҷмет мебошад, омӯзиши нозир-коргузорони сатҳи ҷамоатҳо, кормандони иҷтимоӣ, табибони оилавӣ, табибони ҳамрози занона (акушер-гинекологҳо) ва ҳамшираҳои тиббӣ оилавӣ, ки дар амалинамоии пилотии лоиҳаи мазкур иштирок меварзанд, оғоз гардид.
Маврид ба зикр аст, ки лоиҳаи мазкур дар доираи зерқисмати 3.2. Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд аз 30 июни соли 2023 “Оид ба маблағгузории Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо маблағгузории Механизми глобалии маблағгузорӣ барои дастгирии занон, кӯдакон ва наврасон (гранти №1600-TJ) амалӣ мегардад.
Иштироккунандагони омӯзиш дар ду гурӯҳ дар толорҳои Қасри – фарҳанги ноҳия ва Ташкилоти ҷамъиятии “Дастгирии маъюбони ноҳияи Айнӣ” тибқи фармоиши дахлдори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи тасдиқгардидаи омӯзишҳо ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.
Бояд гуфт, ки дар давоми 4 рӯз -аз 7 то 10 октябри соли 2026 иштирокчиён аз рӯи модулҳои дарсии таҳия ва тасдиқгардида ҷиҳати амалинамоии низоми тайрибавии кейс-менеҷмент (идоракунии ҳолатҳо) аз ҷониби тренерон (мураббиёни) омодагардидаи миллӣ омӯзонида мешаванд.
Барномаи ба амалия асосёфтаи пилотикунонии низоми ҳамгироишудаи кейс-менеҷмент барои пешниҳоди хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва тиббӣ ба занон, кӯдакон ва наврасон аз оилаҳои камбизоат ва осебпазир нигаронида шудааст.
Ҳадафи асосии амалинамоии лоиҳаи пилотии кейс-менеҷмент дар панҷ шаҳру ноҳияҳои пилотии ҷумҳурӣ (ноҳияи Айнӣ, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва шаҳрҳои Хоруғ, Кӯлоб ва Турсунзода) – ин расонидани хизматҳои иҷтимоӣ ва тиббӣ ва фаъолияти ҳамгироишудаву ҳамоҳангсозишудаи ин сохторҳо барои беҳтарнамоии пешниҳоди чунин хизматрасониҳо ба занон, кӯдакон ва наврасон аз оилаҳои камбизоат ва осебпазир мебошад.
Низоми мазкур – ин ҳамкории мунтазам ва муназзами низоми ҳифзи иҷтимоӣ, сохторҳои шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва дигар сохторҳои дахлдор дар сатҳи маҳал дар асоси баҳодиҳии аввалия ва маҷмӯии оилаҳои камбизоату осебпазир тариқи пурсишномаҳо ҷиҳати аниқу возеҳ муайян намудани мушкилотҳои ин оилаҳо мебошад.
Чунин омӯзишҳо дар сатҳи панҷ шаҳру ноҳияҳои пилотии ҷумҳурӣ марҳила ба марҳила аз 6-уми октябр то 19-уми соли 2026 гузаронида мешаванд.


