Имрӯз, 08 октябри соли равон Гурӯҳи таҳлили тандурустии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо коршиносони қароргоҳи марказии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) – Таня Кюхенмюллер, роҳбари шуъбаи тақвияти экосистемаи тақиқот ва ахлоқ (этика) ва Андреас Рейс, коршиноси ТУТ мулоқоти корӣ доир намуд. Дар муҳокима инчунин ҳамоҳангсози кишварии Механизми глобалии мабалғгузорӣ оид ба дастгирии занон, кӯдакон ва наврасон (GFF) Малика Ҳакимова ва мутахассиси лоиҳаҳои ТУТ Ленара Аппас иштирок карданд.
Бояд гуфт, ки вохурии мазкур идомаи мантиқии қадамҳои пай дар пай ҷиҳати таҳкими иқтидори коршиносӣ дар соҳаи татқиқоти илмӣ, тибби бар далелҳо асосёфта ва этикаи таҳқиқот арзёбӣ гардид.
Дар рафти мулоқот Гурӯҳи таҳлили тандурустӣ оид ба самтҳои ҷории фаъолияти худ дар роҳи тақвияти иқтидор рунамоии муфассал пешниҳод намуд. Қайд карда шуд, ки ниёзи асосӣ барои рушди минбаъда институтсионализатсия -табдил додани Гурӯҳ ба Маркази таҳлил дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Илова бар ин, зарурати кумаки техникӣ дар таъсиси панели рақамии ахбориву таҳлилии худӣ бо истифода аз технологияҳои зеҳни сунъӣ таъкид гардид.
Мулоқоти мазкур дар доираи корҳои пайгиронае баргузор гардид, ки Гурӯҳи таҳлили тандурустӣ дар ҳамкорӣ бо ТУТ ҷиҳати институтсионализатсияи сиёсати бар далелҳои воқеӣ асосёфта, инчунин бо Механизми глобалии маблағгузорӣ ва Бонки ҷаҳонӣ дар доираи ташаббусҳо, ба монанди Арзёбии фаврии муассисаҳои КАТС (FASTR) ва Нишондиҳандаҳои расонидани хизматрасониҳо дар соҳаи тандурустӣ (SDI) пеш мебарад. Чунин ҳамкорӣ барои қабули қарорҳо дар соҳаи тандурустӣ, ки бештар ба далелу маълумоти воқеӣ такя мекунанд, заминаи мустаҳкам мегузорад.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо боварӣ изҳор намуданд, ки ҳамоҳангсозии наздик миёни институтҳои давлативу илмӣ, ТУТ ва шарикони рушд имкон медиҳад, ки иқтидори Гурӯҳи таҳлили тандурустӣ баланд бардошта шуда, сифати қарорҳои идоракунӣ беҳтар ва сиёсати давлатӣ дар соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон самаранок такмил дода шавад.
Показать меньше


