Аттсестатияи кадрҳои роҳбарикунандаи муассисаҳои соҳаи тандурустӣ

Бо мақсади муайян намудани мувофиқати кадрҳои роҳбарикунандаи муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ба мансабҳои ишғолнамуда, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва масъулияти онҳо мутобиқи Тартиби аттестатсияи кадрҳои роҳбарикунандаи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 2018, №422 тасдиқ шуда, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2018, №935 ба қайд гирифта шудааст, дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аттестатсияи кадрҳои роҳбарикунандаи муассисаҳои соҳаи тандурустӣ идома дорад.

Имрӯз, 07-уми октябри соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар раванди аттестатсияи мазкур иштирок намуд.

Бояд гуфт, ки аттестатсияи кадрҳои роҳбарикунандаи муассисаҳои соҳаи тандурустӣ–ин раванди муайян намудани сатҳи касбият, салоҳияти касбӣ, сатҳи дониш ва маҳорату малакаи амалии онҳо ба шумор меравад.

Ёдовар мешавем, ки аттестатсияи кадрҳои роҳбарикунандаи муассисаҳои соҳаи тандурустӣ тибқи Тартиби аттестатсияи кадрҳои роҳбарикунандаи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 21 октябри соли 2026 идома меёбад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ

Муаррифии лоиҳаи “Дастгирии чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ оид ба таъминоти микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ дар муассисаҳои тиббӣ”

Иштирок дар 24-умин Форуми глобалии ғизои кӯдакон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ

Тағироти кадрӣ дар Донишгоҳи тиббӣ

Search
爱思助手汽水音乐下载易歪歪汽水音乐telegramtelegram下载tg下载telegram