Маскав. Иштирок ва суханронии Ҷамолиддин Абдуллозода дар 5-умин конгресси миллии Вазорати тандурустии Россия

Рӯзҳои 02 ва 03-юми ноябри соли равон дар шаҳри Маскави Федератсияи Россия бо ташаббуси Вазорати тандурустии Федератсияи Россия конгресси миллии 5-ум бо иштироки коршиносони байналмилалӣ таҳти унвони “Тандурустии миллӣ-2026″ баргузор гашт, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иштирок ва суханронӣ намуд.

Маврид ба зикр аст, ки конгресси мазкур ҳамасола ҳамчун як платформаи ягонаи муколамаи байнидавлатӣ дар Федератсияи Россия баргузор гашта, дар он мутахассисону коршиносон аз давлатҳои гуногун иштирок ва муҳимтарин масъалаҳои соҳаи тандурустиро муҳокима мекунанд.

Дар меҳвари конгресси навбатӣ ташаббусҳои стратегӣ, ки роҳи рушди соҳаи тандурустиро дар солҳои оянда муайян мекунанд, аз қабили тибби фардӣ, рушди инфрасохтор ва таҷҳизонидани муассисаҳои тиббӣ, рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ ва сиёсати кадрӣ қарор гирифтанд.

Дар доираи конгресси мазкур иҷлосияи Эъломияи Маскав оид ба тарзи ҳаёти солим ва бемориҳои ғайрисироятӣ: 15 соли тағйироти системавӣ доир гашт, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзид.

Ҳадафи ин ҷаласа ташаккули рӯзномаи нави байналмилалӣ-аз принсипҳои Эъломияи Маскав то таҳияи муштараки роҳҳои ҳалли системавӣ барои тақвияти низомҳои миллии тандурустӣ, тақвияти муколамаи коршиносон ва ташаккули рӯзномаи амалӣ барои тадбирҳои муштарак арзёбӣ гашт.

Қайд гардид, ки соли 2026 15-умин солгарди Эъломияи Маскав дар бораи тарзи ҳаёти солим ва бемориҳои ғайрисироятӣ мебошад, ки он як ҳуҷҷати муҳим дар ташаккули рӯзномаи муосири байналмилалии пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ ба шумор меравад.

Ҳамзамон, дар доираи иштирок дар ин чорабинӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Маркази миллии тадқиқоти тиббии ҷарроҳии ба номи А. В. Вишневский дар шаҳри Маскав дидан намуда, бо рафти фаъолияти он шинос гашт.

Дар ин ҷо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо директори Маркази миллии тадқиқоти тиббии ҷарроҳии ба номи А. В. Вишневский Ревишвили Амиран Шатаевич вохурӣ намуда, доир ба тақвияти ҳамкориҳои муассисаҳои тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маркази мазкур мубодилаи афкор намуд.

Тавре гуфта шуд, маркази мазкур дар самтҳои ҷарроҳии шикам, ҷарроҳии рагҳо, ҷарроҳии дил, ҷарроҳии сина, табобати ҷароҳатҳои гармӣ ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй фаъолият менамояд ва он яке аз муассисаҳои ҷарроҳии бисёрсоҳавӣ дар тобеияти Вазорати тандурустии Федератсияи Россия ба шумор меравад.

Дар баробари ин, фаъолияти тадқиқотии муассисаи мазкур ба таҳия ва тасдиқи мудохилаҳои нави ҷарроҳӣ бо истифода аз технологияҳои каминвазивӣ ва такмили усулҳои анестезия ва эҳёгарӣ барои раванди ҷарроҳӣ равона гаштааст.

Инчунин, дар доираи дар конгресси болозикр вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазирони тандурустии як қатор кишварҳо, аз ҷумла вазирони тандурустии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардуми Чин, Хорватия ва ректори Донишгоҳи тиббии Қазон вохуриҳои дуҷониба анҷом дода, дар баробари ин бо расонаҳои хабарии кишвари Россия, ба монанди Медицинская газета суҳбат намуда, доир ба натиҷаҳои конгресс ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия дар соҳаи тандурустӣ ибрози назар намуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба татбиқи “Стратегияи пешгирӣ, назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”

Дар Хуҷанд Маркази нави ташхисию табобатии “Насли солим” ифтитоҳ гардид

Оид ба “Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ва раванди амалисозии ҳуқуқҳои иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ форуми байналмилалӣдоиргашт

Ҷаласаи корӣ оид ба тақсимоти микронутриентҳо ва витаминҳо дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”  

Ба имзо расидани санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Эрон  дар соҳаи тандурустӣ

Назорати раванди фаъолияти касбии кормандони миёнаи тиббӣ ва тақвиятбахшии масъалаҳои этика ва деонтолгияи тиббӣ

Search
Telegram下载旺旺商聊Banana财务Telegram中文版Telegram官网有道翻译下载有道翻译官网易歪歪有道翻译