Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Роҳи нави ноҳияи Вахш бинои нави Бунгоҳи тиббии муосир мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи бунгоҳи тиббӣ роҳбарияти ноҳияи Вахш, Фонди хайриявии «Музаффар», Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, масъулин ва кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи мазкур ширкат варзиданд.
Бунгоҳи нави тиббӣ ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ аз ҷониби Фонди хайриявии «Музаффар» сохта шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ ва шароити муосир барои қабули беморон ва расонидани хизматрасониҳои тиббӣ таъмин гардидааст.

Дар муассисаи навбунёди тандурустӣ ҳуҷраҳои кории табиби оилавӣ, ҷарроҳ, осебшинос ва утоқи табобатӣ пешбинӣ шудаанд.
Дар баробари ин, муассисаи тандурустӣ бо кату мизҳои муоина, ҷевонҳои нигоҳдории доруворӣ ва ҳуҷҷатҳо, яхдонҳо, курсии гинекологӣ, таҷҳизоти ҷарроҳию осебшиносӣ, замбилҳо ва аробаҳои махсуси беморон муҷаҳҳаз мебошад. Ҳамчунин, барои фароҳам овардани шароити мусоид системаи кондитсионерӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ насб шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки бунгоҳи тиббии нав барои хизматрасонӣ ба 4100 нафар сокини деҳа пешбинӣ гардида, дар марҳилаи аввал чор ҷойи корӣ фароҳам меорад. Дар оянда зиёд намудани шумораи кормандони тиб низ дар назар аст.
Қаблан бинобар номувофиқ будани бинои куҳна, сокинони деҳа барои гирифтани ёрии тиббӣ маҷбур буданд то ба маркази ноҳияи Вахш муроҷиат намоянд. Акнун бо мавриди истифода қарор гирифтани бунгоҳи нави тиббӣ онҳо метавонанд хизматрасониҳои зарурии тиббиро дар маҳалли зисти худ дастрас намоянд.


