“Ҳафтаи пешгирии саратони гарданаки бачадон”

Дар доираи ташаббуси глобалӣ оид ба “Ҳафтаи пешгирии саратони гарданаки бачадон” аз 25 то 31-уми январи соли равон дар кишвар аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаи пешгирии саратони гарданаки бачадон гузаронида мешавад.

Бахшида ба ин иқдом 27-уми январи соли равон дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ» чорабинии иттилоотӣ доир гашт, ки дар он роҳбарият ва кормандони муассисаи мазкур иштирок намуданд.

Директори Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ Акбар Муродзода чорабинии мазкурро ифтитоҳ намуда, доир ба таърихи пайдоиши ташаббуси глобалии “Ҳафтаи пешгирии саратони гарданаки бачадон”, сабабҳои пайдоиши бемории мазкур, роҳҳои пешгирӣ ва дигар паҳлуҳои он баромад кард.

Ҳамзамон, зимни чорабинии иттилоотӣ стратегияи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба мубориза бар зидди саратони гарданаки бачадон муаррифӣ шуда, дар баробари ин, иштирокчиён бо маълумоти омории расмӣ шинос карда шуданд, ки тибқи он давоми солҳои охир саратони гарданаки бачадон миёни кулли намудҳои бемориҳои онкологӣ мақоми аввалро дар ошкоршавӣ мегирад, дар ҳоле ки он бемории пешгиршаванда аст.

Дар идома як қатор мутахассисони соҳа низ доир ба паҳлуҳои гуногуни бемории саратони гарданаки бачадон баромад карда, ба иштирокчиён маълумоти зарурӣ ва муфид пешниҳод карданд.

Дар ин замина, қайд карда шуд, ки дар доираи баргузории ҳафтаи мазкур дар марказҳои солимии репродуктивии вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ байни занон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида хоҳанд шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

Баррасии рафти татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

“Муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои  Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ”

ТАВАҶҶУҲ. Хуруҷи варианти нави коронавируси COVID-Omicron XBB дар кишвар асоси воқеӣ надорад

Теҳрон: Иштироки ҷарроҳони тоҷик дар Х1Х-умин конгресси байналмилалии ҷарроҳӣ

Search