Ҷаласаи корӣ оид ба баррасии масъалаҳои ҳифзи саломатии модару кӯдак ва пешгирии коррупсия

14-уми майи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вазъи кунунии ҳифзи сиҳатии модару кӯдак ва тадбирҳои мубориза бо зуҳуроти коррупсия дар муассисаҳои тандурустӣ ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусаматзода, сардорони раёсату шуъбаҳои зерсохтори вазорат, роҳбарони муассисаҳои соҳавӣ, доираи васеи мутахассисони соҳа, инчунин роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустӣ ва таваллудхонаҳои шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, чорабиниро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки ҳифзи сиҳатии модару кӯдак яке аз масъалаҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор доранд.

Иброз гардид, ки дар даврони истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмину таҳкими саломатии аҳолӣ ва пешгирии фавти модару кӯдак, дар заминаи фаъолияти самарабахши соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири ташхису табобат, тадбирҳои судманд амалӣ карда шудаанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак ва пешгирии фавти онҳо стратегияҳо ва барномаҳои миёнамуҳлат қабул гардиданд, ки татбиқи онҳо барои рушди соҳа ва фароҳам овардани заминаҳои нави ташхису табобат мусоидат намуд.

Қайд гардид, ки солҳои охир маблағгузории соҳа зиёд гардида, муассисаҳои тиббӣ таъмиру азнавсозӣ ва бо таҷҳизоти муосир таъмин шуда истодаанд.

Ҳамчунин, доир ба ҳолатҳои коррупсионӣ ва роҳҳои мубориза алайҳи ин зуҳурот, корҳои пешгирии коррупсия дар байни кормандони тиб, оқибатҳои даст задан ба амалҳои ришваситонӣ, инчунин хисороти иҷтимоиву маънавии ин падида ба ҷомеа ва давлат маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Тавре дар ҷаласаи мазкур қайд гардид, коррупсия яке аз зуҳуроти мураккаби ҷамъиятӣ буда, ба рушди минбаъдаи кишварҳо ва таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон таъсири манфӣ мерасонад. Айни замон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, инчунин давлатҳои ҷаҳон барои аз байн бурдани ин падидаи номатлуб тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

ДАСТОВАРДИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Ба зиёда аз 100 нафар гирифтори бемории фарбеҳӣ ва оқибатҳои он амалиётҳои ҷарроҳии бариатрикӣ бомуваффақият гузаронида шуд

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Тоҷикистон

Рақамикунонии соҳа-талаби замон. Дар кишвар системаи иттилоотии бақайдгирии натиҷаҳои скрининги гарданаки бачадон ҷорӣ мешавад

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино боздид намуда, бо унвони “Профессори фахрӣ”-и донишгоҳи мазкур сарфароз гардиданд

Ифтитоҳи озмоишгоҳи анатомӣ, физикӣ, биологӣ ва бинои маркази тестӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор

Search
爱思助手汽水音乐易歪歪HelloGPT沙盘telegram下载tg下载mumu模拟器