Ҷаласаи корӣ оид ба натиҷагирӣ аз гардиши шабонаи роҳбарияти вазорат ва масъулини соҳа дар муассисаҳои тандурустӣ

18-уми феврали соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои гардиши шабонаи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини соҳа дар муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ ҷаласаи корӣ доир гашт, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саломуддин Юсуфӣ, муовинони вазир Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, Ҳабибулло Хайруллозода ва дигар масъулини соҳа ширкат доштанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар рафти гардиши шабонаи роҳбарияти вазорат ва масъулини соҳа ҳолати ташкили хизматрасонии тиббӣ, сатҳи омодабошии муассисаҳо ба қабули беморон, риояи интизоми меҳнат аз ҷониби кормандони тиббӣ, фаъолияти навбатдорӣ, сифати ташхис ва табобат, инчунин ҳолати нигоҳубини беморон ва иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ аз ҷониби кормандони тиббӣ мавриди санҷиши ҳамаҷониба қарор дода шуданд.

Дар рафти ҷаласаи корӣ он камбудиҳое, ки аснои боздиди роҳбарият ва масъулини соҳа дар муассисаҳои тандурустӣ ба назар расиданд, мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуданд.

Аз ҷумла ҳисоботи масъулини гурӯҳҳои корӣ аз натиҷаи гардишҳои шабона дар муассисаҳои бистаринамоии шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат шунида шуда, атрофи масъалаҳои баррасишуда муҳокимаронӣ сурат гирифт.

Ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа аз ҷониби муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба роҳбарияти муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Нахустин ҷаласаи гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ оид ба натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” барои соли 2024

Истаравшан: ба истифода додани Маркази саломатии деҳаи Варсиқ

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии кӯмакҳои беруна дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар баргузор гашт

Вохурӣ бо табибони ҷавон, ки зинаи ординатураи клиникиро дар хориҷи кишвар хатм кардаанд

ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Дар амал ҷорӣ намудани боз як усули нави ҷарроҳӣ дар самти бемориҳои рагҳои мағзи сар

Фаъолияти анҷомдодаи  лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” (P178878)  дар соли 2024

Search