Ҷаласаи корӣ вобаста ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модар ва кӯдак дар ноҳияи Рӯдакӣ

Санаи 1-уми апрели соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани вазъи хизматрасони тиббӣ ба модару кӯдак ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он муовини вазир Зулфия Абдусаматзода, сардорони раёсату шӯъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат ва роҳбарияти Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа вазъи кунунии хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон таҳлил ва баррасӣ гардид.

Махсусан, дар ҷаласаи мазкур ба масъалаҳои пешгирии фавти модарону кӯдакон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуда, аз масъулин даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин самт фаъолияти хешро пурзӯр намоянд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҳамкории Тоҷикистону Молдова дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ гашт

Шиносоӣ бо вазъи саломатии осебдидагони офати табиӣ

Дар мавзӯи “Ҳамгироии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба саҳми муайяншудаи миллӣ” мизи мудаввар доир гашт

Намоишгоҳи байналмилалии молу хизматрасониҳо барои саломатӣ ва зебоӣ «INTER HEALTH&BEAUTY TAJIKISTAN 2025»

Маросими ифтитоҳи Маркази ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин оид ба мубориза бар зидди нобиноӣ

Вобаста ба интиқоли бехатараии моддаҳои сироятӣ барои мутахассисони озмоишгоҳҳо даври омӯзишӣ доир гашт

Search