Имрӯз, 11-уми марти соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор гашт, ки дар кори он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Абдухолиқ Амирзода, намояндагони як қатор вазорату идораҳо ва кумитаҳои мамлакат иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи шӯро се масъала-“Ҷараёни татбиқи “Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, “Рафти иҷрои «Барномаи барқарорсозӣ, ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ намудан ва ба ҷойи кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргардондашуда барои солҳои 2023-2027, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 сентябри соли 2023, №481 тасдиқ шудааст” ва “Амалишавии лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” (компонентҳои 1 ва 3-и лоиҳа, ки ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ марбутанд” мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҳамин тавр, доир ба “Ҷараёни татбиқи “Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад кард.
Гуфта шуд, пешгирии бемориҳои сироятӣ, паст намудани фавт аз онҳо, таъмини сатҳи баланди фарогирӣ бо иммунизатсия ва риояи ҳатмии иммунизатсияи тақвимӣ бо қоидаҳои асосии бехатарӣ – яке аз самтҳои асосии фаъолият ва вазифаҳои соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад.
Таҳия ва қабули Барномаи миллии иммунопрофилактика аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2021, №51 барои солҳои 2021-2025 далели он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъала диққати махсус медиҳад.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ нисбат ба моҳияти иммунизатсия дар доираи баргузории «Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва чорабиниҳои иммунизатсионии оммавӣ бар зидди бемориҳои фалаҷ, сурхча, гулафшон ва сирояти пневмококкӣ, дар давоми панҷ соли фаъолияти Барномаи миллии иммунопрофилактика мунтазам маводҳои ташфиқотиву таблиғотӣ нашр гардида, байни муассисаҳои тиббӣ ва аҳолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас гардиданд.
Илова бар ин, бо мақсади беҳтар намудани дастраснокии маълумоти сифатнок ва дақиқ оид ба манфиатҳои иммунизатсия дар байни аҳолӣ, аз ҷониби мутахассисони соҳавӣ пайваста барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ баргузор мегарданд.
Ёдовар бояд шуд, ки яке аз пешравиҳои соҳаи тандурустӣ дар панҷ соли охир – ин ворид намудани ваксинаи зидди сирояти пневмококкӣ ба Тақвими миллии иммунизатсия дар соли 2022, воридкунии вояи дуюми ваксинаи ба тариқи тазриқ истифодашавандаи зидди бемории фалаҷ (ИПВ) ба Тақвими миллии иммунизатсия дар соли 2022 ва моҳи январи соли 2023 аз нав ҷорӣ намудани иммунизатсияи наврасони синнашон 16 сола бо ваксинаи зидди бемориҳои гулӯзиндонак ва кузоз (АДС-м) мебошад.
Вобаста ба масъалаи дуюми ҷаласа-“Рафти иҷрои “Барномаи барқарорсозӣ, ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ намудан ва ба ҷойи кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргардондашуда барои солҳои 2023-2027”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 сентябри соли 2023, №481 тасдиқ шудааст”, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед баромад кард.
Зимни баромади хеш номбурда мухтасар вобаста ба иҷрои бандҳои барномаи мазкур ва дигар масъалаву мушкилотҳои дар самти татбиқи он ҷойдошта ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуд.
Доир ба “Амалишавии лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” (компонентҳои 1 ва 3-и лоиҳа, ки ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ марбутанд”, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед маълумот пешниҳод намуд.
Қайд гардид, ки лоиҳаи мазкур дар асоси 2 созишномаи маблағгузории грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд, дар ҳаҷми умумӣ баробар ба 37,5 млн. доллари ИМА амалӣ шуда истодааст, аз ҷумла Созишномаи маблағгузории грантӣ аз 30 июни соли 2023 “Оид ба маблағгузории лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” (№E1600-TJ) дар ҳаҷми баробар ба 35,0 млн доллари ИМА ва Созишномаи маблағгузории грантӣ аз 30 июни соли 2023 “Оид ба Фонди бисёрҷонибаи донории трастии Фонди глобалии маблағгузорӣ барои занон, кўдакон ва наврасон” (№TF0791-TJ) дар ҳаҷми 2,5 млн. доллари ИМА.
Зикр шуд, ки лоиҳаро ду сохтори давлатӣ амалӣ менамоянд: Гуруҳи татбиқи Лоиҳа-и назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, бо маблағи баробар ба 21,1 млн доллари ИМА ва Гуруҳи татбиқи Лоиҳа-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бо маблағи баробар ба 16,4 млн доллари ИМА. Ба ҳолати имрўза 43 фоизи маблағҳои ба Гуруҳи татбиқи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ додашуда азхуд карда шуданд.
Аз ҷумла дар доираи лоиҳаи номбурда кумакпулии яквақтаи иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоати дар сатҳи пасти даромад қарордошта ба 112 689 чунин оилаҳо ҳаҷми 67 613 400 сомонӣ расонида шуд.
Бо мақсади азнавсозии системаи амалкунандаи иттилоотии кумакҳои унвонии иҷтимоӣ (АСИСТ), бо дарназардошти зиёд шудани андозаи кумакпулӣ ва иловапулиҳо ба он тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2024, №488, инчунин ҷиҳати рақамикунонии раванди ташхис ва бақайдгирии шахсони имконоти саломатиашон маҳдуд ширкати барномасози байналмилалии “Интерсофт” ҷалб гардидааст, ки қарордоди хизматрасонӣ бо ширкати мазкур рузҳои наздик ба тасвиб расонида хоҳад шуд.
Ҷиҳати рақамикунонии низоми нафақа дар самти автоматикунонии пардохти нафақа дар муассисаҳои бонкӣ, ташаккули махзани электронии нафақахурон ва таҳияи модули иттилоотии мубодилаи байнисоҳавӣ Созишномаи сеҷониба ҳамкорӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба тасвиб расонида шуда, дар асоси он мушаххасоти техникӣ барои хариди таҷҳизоти компютерӣ (моноблок, принтер, сервер ва дигар воситахои техникӣ) омода гардида, айни замон дар марҳилаи мувофиқакунонӣ бо Бонки ҷаҳонӣ қарор дорад.
Тибқи ҳадафҳо дар доираи маблағгузории Лоиҳа модулҳои (махзани) иловагии электронӣ оид ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ таҳия ва ҷорӣ карда мешаванд, аз ҷумла модули хизматрасониҳои тавонбахшӣ, модули хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар хона, модули хона-интернатҳо, модули хизматрасонӣ ба пиронсолон, модули хизматрасонӣ ба кудакони осебпазир, модули электронии марказҳои фармоишҳои иҷтимоии давлатӣ, модули хизматрасониҳои санаторию-курортӣ, модули электронии таҷҳизотҳои ассистивӣ ва модули ҳамгирошудаи кейс-менеҷмент.
Ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми ҳамгирошудаи кейс-менеҷмент барои хизматрасониҳои иҷтимою тиббӣ ба занон, кўдакон ва наврасони осебпазир, дар асоси таҳлили вазъи инфрасохтори хизматрасонии иҷтимоӣ 5 шаҳру ноҳия барои ба таври озмоишӣ (пилотӣ) ҷорӣ намудани низоми мазкур интихоб шуданд.
Илова ба ин, дар доираи лоиҳа як қаттор чорабиниҳои харид роҳандозӣ гардиданд, аз ҷумла озмуни ҷалби ширкати маҳаллӣ барои гузаронидани татқиқоти арзебии самаранокии низоми таъин ва пардохти кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат гузаронида шуда, дар марҳилаи баимзорасии шартнома қарор дорад, озмуни ҷалби ширкати машваратӣ барои таҳияи барнома, маҷмӯи дастурҳо ва тавсияҳои методӣ оид ба низоми ҳамгироишудаи «кейс-менеҷмент» гузаронида шуда, дар марҳилаи гуфтушуниди бастани қарорди хизматрасонӣ бо як ширкати байналмиллалӣ қарор дорад, барои ҷалби ширкати маҳаллӣ барои интиқол ва насби таҷҳизоти серверӣ аз бинои кӯҳнаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба бинои вазорат озмун гузаронида шуда, шартнома баста шудааст, озмуни байналмилалӣ барои хариди таҷҳизоти серверӣ ва компютерӣ барои муассисаҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гузаронида шуда, дар марҳилаи арзёбии пешниҳодҳои тендерӣ қарор дорад.
Баъдан, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ доир ба рафти татбиқи лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” дар назди вазорати мазкур низ ба ҳозирин маълумот дод.
Ҳамин тавр, дар анҷоми ҷаласаи шӯро доир ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин даструру супоришҳои мушаххас дода шуд.




