Ҷамъбасти мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд миёни дастаҳои коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ

Ба муносибати истиқболи сазовори ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи ҷаҳонии футбол ва Рузи кормандони тиб мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди “футболи хурд” миёни дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ санаи 14 майи соли равон оғоз гардида, мусобиқоти мазкур 15 майи соли равон ҷамъбаст ва ғолибон муайяну қадрдонӣ гаштанд.

Мусобиқаи мазкур дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” баргузор шуд.

Дар рафти ҷамъбасти мусобиқа муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саломуддин Юсуфӣ, роҳбароияти як қатор коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ ва дастаҳои иштирокчии мусобиқа ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни ҷамъасти озмун ба ғолибони бахшҳои “Беҳтарин мухлис”, “Беҳтарин бозингар”, ва “Беҳтарин дарвозабон” Сипоснома тақдим гардид.

Инчунин, дастаи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ва Коллеҷи тиббии ғайридавлатии ноҳияи Рудакӣ бо диплом дараҷаи 3, Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода бо диплом дараҷаи 2 ва Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо диплом дараҷаи 1 сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамин тавр, Ҷоми мусобиқаи футболи хурд байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббии шаҳру ноҳияҳои мамлакат насиби дастаи Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор гашт

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

НАВГОНӢ.  Бори аввал дар кишвар амалиёти стентгузории варидӣ гузаронида шуд

“Хунравиҳои акушерӣ, самтҳои муосири пешгирии хунталафоти зиёд”

Тақвияти шарикӣ барои устувории навовариҳо дар назорати бемории сил ва ВНМО дар Тоҷикистон

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба амалисозии иҷроиши бандҳои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи озмоишгоҳи анатомӣ, физикӣ, биологӣ ва бинои маркази тестӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор

Search