Имрӯз, 10-уми январи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти озмуни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахшҳои “Беҳтарин видеоролик” ва “Беҳтарин мақола” оид ба пешгирии бемории сил дар миёни намояндагони ВАО баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода, роҳбарияти Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” ва рӯзноманигорон ширкат намуданд.
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зимни суханронии хеш аз ҳамкориҳои судманди вазорат бо рӯзноманигорон дар самти таҳлилу баррасӣ ва инъикоси масъалаҳои тандурустӣ дар ВАО ёдовар шуда, аз ҷумла қайд кард, ки маҳз чунин ҳамкориҳои созанда метавонанд баҳри баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум доир ба пешгирии бемориҳои гуногун саҳми арзанда гузоранд.
Қайд гардид, ки маводҳои ба озмун пешниҳодгашта аз ҷониби мутахассисони соҳаи силшиносии кишвар баррасӣ гардида, дар асоси хулосаҳои аъзои ҳакамон ғолибони ҳар кадом аз ин бахшҳо тибқи тартиби муқарраргашта аз 1-ум то 3-юм ҷой муайян гаштанд.
Боиси қаноматмандист, ки новобаста ба бархе камбудиҳо, дар маҷмӯъ, қариб дар ҳамаи маводҳои пешниҳодгашта ҳадафу мақсадҳои озмун дарҷ гаштаанд.
Ҳамин тавр, дар бахши “Беҳтарин видеоролик” журналисти Телевизиони Тоҷикистон Қурбон Қурбонзода барои барномаи “Рӯ ба рӯ бо мутахассис” сазовори ҷойи якум, журналист Азиза Меҳроҷиддинзода барои таҳия ва пешниҳоди сюжети видеоӣ доир ба пешгирии бемории сил ҷойи дуюм ва ҷойи сеюм ба Фарзона Муродӣ, хабарнигори хабаргузории “Азия плюс” барои гузориши видеоӣ доир ба вазъи бемории сил дар вилояти Суғд дода шуд.
Дар бахши “Беҳтарин мақола” хабарнигори нашрияи “Паёми шифо” Хусрав Шосаидзода барои мақолаи “Бемории марговар, аммо табобатшаванда” сазовори ҷойи якум, сармуҳаррири нашрияи “Мароми пойтахт”-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Шаҳриёр Олимзода барои мақолаи “Сил табобат мешавад, агар…” сазовори ҷойи дуюм ва рӯзноманигор Қурбон Аҳмадзода барои мақолаи “Сил: бемории табобатшаванда ё тамғаи иҷтимоӣ?” сазовори ҷойи сеюм гашта, ҳамаи ғолибони бахшҳо бо маблағҳои пулӣ сарфароз гардиданд.
Дар умум, натиҷаи озмун нишон медиҳад, ки намояндагони ВАО нисбат ба бемории сил ва роҳҳои пешгирии он таассуроти хуб доранд ва изҳори умедворӣ карда шуд, ки ин ҳамкориҳо минбаъд низ идома ёфта, рӯзноманигорон бо таҳия ва пешниҳоди маводҳои иттилоотиву таҳлилӣ баҳри баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ нисбат ба пешгирӣ ва табобати бемории сил саҳми хешро мегузоранд.




