Ҳамкориҳои Маркази ҷумҳуриявии илмии хуни вазорат ва Маркази интиқоли хуни Эрон густариш меёбанд

Дар доираи созишномаи ҳамкорӣ байни Маркази интиқоли хуни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии хун”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ мутахассисони эронӣ аз 18 то 22-юми майи соли ҷорӣ бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштанд.

Бо мақсади густариши ҳамкориҳо мутахассисони пешсафи Маркази интиқоли хуни Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии мудири кулли маркази мазкур Мустафо Ҷамолӣ ба Маркази ҷумҳуриявии илмии хуни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ташриф оварданд.

Аснои ташриф намояндагони Маркази интиқоли хуни Ҷумҳурии Исломии Эрон бо натиҷаҳои назарраси Маркази ҷумҳуриявии илмии хуни кишвар шиносоӣ пайдо намуда, барои баланд бардоштани ҳамкориҳои дуҷониба ва тақвият бахшидани мубодилаи корӣ дар самти таъмини бехатарии хуни донорӣ ва такмили фаъолияти хадамоти хун дар кишвар бо ҳамтоёни тоҷикистонии хеш мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамзамон, дар доираи гуфтушунидҳои дуҷониба якчанд лоиҳаҳои танзимкунандаи ҳамкорӣ қабул карда шуданд. Махсусан, дастгоҳҳои автоматикии иммуногематологӣ аз тарафи ширкати эронӣ ба таври ройгон ва харидории маводҳои сарфаи он ба нақша гирифта шудааст.

Дар баробари ин, таъкид гардид, ки ҳамкориҳои дуҷонида дар доираи тафоҳумномаи имзогардида дар самти бехатарии хуни донорӣ ва рушди сохторҳои хадамоти Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи нав низ идома меёбад. Инчунин бо мақсади омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи хадамоти хун 6 нафар кормандони Маркази ҷумҳуриявии илмии хун барои такмили донишу малакаи худ дар давраҳои гуногун ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафарбар карда хоҳанд шуд.

Дар назар аст, ки ҳамзамон дастурамалҳои стандартӣ барои коркади хуни донорӣ ва дигар бахшҳои дахлдор аз таҷрибаи Маркази интиқоли хуни Ҷумҳурии Исломии Эрон дастрас гардида, дар шароити Маркази ҷумҳуриявии илмии хуни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мутобиқат ва мавриди истифода қарор дода шаванд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки протоколҳои клиникӣ ва истеҳсолии ҷузъҳои хуни донорӣ дар якҷоягӣ таҳия ва дар амал татбиқ намуда, инчунин раванди ҷараёни корӣ ва назорати сифати ҷузъҳои хуни донорӣ дар таҳияи услуби нав ба роҳ монда хоҳанд шуд.

Дар баробари ин, аз тарафи роҳбарияти Маркази интиқоли хуни Ҷумҳурии Исломии Эрон тасмим гирифта шуд, ки барои омӯзиши давраи ординатура аз фанни гематология ва трансфузиология мастер-класси 3 сола барои 3 нафар мутахассисони Тоҷикистон тариқи ройгон пешниҳод карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки тафоҳум байни Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии хун”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази интиқоли хуни Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар рафти сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 январи соли 2025 ба имзо расида буд, мавриди иҷро қарор дорад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Вобаста ба бозбинии Руйхати миллии доруҳои асосӣ мизи мудаввар доир гашт

Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер ва ҳайати ЮСАИД

Татбиқи босамари “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”  дар самти расонидани кумаки яквақтаи иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Таҳлил ва баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар шаҳри Душанбе

Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти таълими кафедраҳои Донишгоҳи тиббӣ ва Донишкадаи баъдидипломӣ шинос шуд

Search