Ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия дар соҳаи фарматсия густариш меёбанд

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе вохурии вазири тандурустии Федератсияи Россия Михаил Албертович Мурашко бо роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони ширкатҳои фарматсевтии кишвар доир гашт, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саломуддин Юсуфӣ, сардори Раёсати фарматсия ва молҳои тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Салим Абдулазизов, намояндагони КВД “Тоҷиктибтаҷҳизот”, ҶДММ “Тибтаҷҳизот”, “ҶДММ “Сифат—Фарма”, ҶДММ “Ориёнфарм”, ҶДММ “Тиб барои Шумо”, ҶДММ “Дӯстӣ” ва ҶДММ “Муҳаммад А” ширкат варзиданд.

Зимни вохурӣ масъалаҳои ҳамкориҳои ширкатҳои тоҷикистонӣ бо ширкатҳои Федератсияи Россия дар сатми воридоти дору, молҳо ва таҷҳизотҳои тиббӣ баррасӣ шуданд.

Ҳамзамон дар ҷараёни вохурӣ зарфияту имкониятҳои мавҷуда ва густариш бахшидани ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи фарматсия муҳокима шуда, ҷонибҳо баҳри боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳои судманд ҳавасмандии хешро иброз доштанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

НАВГОНӢ.  Бори аввал дар кишвар амалиёти стентгузории варидӣ гузаронида шуд

“Хунравиҳои акушерӣ, самтҳои муосири пешгирии хунталафоти зиёд”

Тақвияти шарикӣ барои устувории навовариҳо дар назорати бемории сил ва ВНМО дар Тоҷикистон

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба амалисозии иҷроиши бандҳои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи озмоишгоҳи анатомӣ, физикӣ, биологӣ ва бинои маркази тестӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор

Search