Ҳамкориҳои вазорат бо Донишгоҳи илмҳои тиббии “Теҳрон”-и Эрон густариш меёбанд

Ҳамкориҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Донишгоҳи илмҳои тиббии «Теҳрон»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни вохурии маҷозии масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо намояндагони донишгоҳи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни вохурии маҷозӣ ҷонибҳо доир ба масъалаҳои табодули таҷрибаи табибон, аз ҷумла гузаронидани такмили ихтисос дар давраҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат барои табибони тоҷик дар заминаи беморхонаҳои алоқаманди донишгоҳи мазкур мубодилаи афкор намуданд.

Дар баробари ин, масъалаи таҳияи лоиҳаи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Донишгоҳи илмҳои тиббии «Теҳрон»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо ба имзо расонидани ин санадро барои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва рушди соҳа муҳим арзёбӣ намуданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Теҳрон: Иштироки ҷарроҳони тоҷик дар Х1Х-умин конгресси байналмилалии ҷарроҳӣ

“Корвони саломатӣ” дар муассисаҳои тиббии вилояти Суғд

Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз як қатор муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд

Таҳияи Нақшаи чорабиниҳои лоиҳаи “Омодагӣ ва гузаронидани соли ҳифзи саломатии давлатҳои аъзои ИДМ ва қарорҳои Шӯрои сарварон дар соли 2026” баррасӣ гашт

Вохурӣ бо мутахассисони Ҷумҳурии Федеролии Олмон

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Search