Таҳияи Нақшаи чорабиниҳои лоиҳаи “Омодагӣ ва гузаронидани соли ҳифзи саломатии давлатҳои аъзои ИДМ ва қарорҳои Шӯрои сарварон дар соли 2026” баррасӣ гашт

3-юми апрели соли равон ҷаласаи гурӯҳи коршиносон дар бораи таҳияи Нақшаи чорабиниҳои лоиҳаи “Омодагӣ ва гузаронидани соли ҳифзи саломатии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва қарорҳои Шӯрои сарварон дар соли 2026” ба таври маҷозӣ доир гардид.

Дар ҷаласаи мазкур намояндагони вазоратҳои тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия, кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Беларусия, намояндагони Фонди Байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии ИДМ ва котиботи Ассамблеяи байниидоравии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.

Дар ин ҷаласа ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода, сардорони раёсату шӯъбаҳои дахлдори вазорат ва роҳбарони муассисаҳои зертобеъ ширкат варзиданд.

Ҳамин тавр, коршиносон аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир ба Нақшаи чорабиниҳои лоиҳаи “Омодагӣ ва гузаронидани соли ҳифзи саломатии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва қарорҳои Шӯрои сарварон дар соли 2026” мубодилаи афкор намуда, нақша ва чоабиниҳои соҳаро баррасӣ ва фикру андешаҳои худро баҳри густариши ҳамкориҳо дар ин самт иброз доштанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

“Шифобахш”. Аввалин маротиба дар Тоҷикистон яке аз амалиётҳои мураккаби ҷарроҳии кӯдакона бомуваффақият гузаронида шуд

Оид ба пешгирии экстремизм ва терроризм чорабинӣ доир гашт

Боздид аз муассисаҳои санитарию эпидемиологӣ пас аз таъмир

Ифтитоҳи маркази ташхисию табобатии “Медси Душанбе”

Диққат, эълон!

Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои маъюбӣ баргузор гардид (АКС)

Search