Имрӯз, 16-уми майи соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бахшида ба моҳвораи ҷавонон ҳамоиши сиёсӣ таҳти унвони “Ҷавонон-нерӯи созанда ва қавӣ дар роҳи таҳкими ваҳдати миллӣ” доир гардид, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода, сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфӣ Саломудин, директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” Шаҳло Ашуриён ва доираи васеъи устодону донишҷӯёни коллеҷи мазкур иштирок намуданд.
Қобили зикр аст, ки моҳвораи ҷавонон бахшида ба 23 май-Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор мегардад.
Тавре гуфта шуд, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон заминаҳои мусоиди рушд ва пешрафтро дастрас гардонид.
Дар ҳамин замина, ёдовар шудан ба маврид аст, ки 23 майи соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавони Тоҷикистон мулоқот намуда, фармон «Оид ба баъзе масъалаҳои беҳтар кардани кор бо ҷавонон»-ро ба имзо расониданд. Маҳз ҳамин рӯзи таърихӣ боис шуд, ки дар кишвар 23 май ҳамчун Рузи ҷавонон эълон карда шавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози демографӣ давлати ҷавон буда, 70 фоизи аҳолии онро ҷавонон, аз он ҷумла аз шумораи умумии табибон 35% ва аз ҳисоби кормандони миёнаи тиб 50%-ро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Лозим ба зикр аст, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Махсусан, дар кишвар Шӯрои миллии кор бо ҷавонон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон фаъолият менамоянд.
Дар анҷоми ҳамоиши мазкур аз донишҷӯёни ин муассисаи таълимӣ ва дар симои онҳо аз кулли ҷавонони мамлакат даъват ба амал оварда шуд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшиш ва талоши хешро баҳри боз ҳам рушду пешрафти Ватани азизамон равона созанд.