Ҷамолиддин Абдуллозода бо медали 30 солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд

Имрӯз, 05-уми августи соли равон дар маҷлисгоҳи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе доир гашт, ки дар кори он муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Шоҳиён Абдураҳим, аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳриву ноҳиявӣ, роҳбарони кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва фаъолони ҳизб иштирок намуданд.

Боиси хушнудӣ аст, ки зимни чорабинӣ Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷисму ҷон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар бо медали 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Ин дастовардро ба роҳбарият ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷисму ҷон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош мегуем.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ вобаста ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ

Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатии шаҳраки Курушкада мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Баррасии рафти иҷрои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” дар шаҳри Душанбе

Ҷаласаи Шўрои назоратии аккредитатсияи тиббии муассисаҳои тандурустӣ баргузор гашт

Аз фаъолияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд

“Ҳафтаи пешгирии саратони гарданаки бачадон”

Search