Ҷамолиддин Абдуллозода бо захираи маводи ғизоӣ ва омодагӣ ба зимистони дар пешистодаи сокинони маҳаллаи Масчиди Савр шинос гардид

Имрӯз баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни баргузории маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ баён доштанд ва барқияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2025 Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурўҳи корӣ оид ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҷамолиддин Абдуллозода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба маҳаллаҳои шаҳр бо усули “Хона ба хона” ташриф оварда, бо аҳолӣ вобаста ба муҳтавои қонунгузории кишвар дар самти пешбини гардидани ҷавобгарӣ дар ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунӣ, талаф ва дуздии неруи барқ, захираи дусолаи маводи ғизоӣ дар ҳар як оила, маърифати оиладорӣ, тарбияи фарзанд дар рӯҳияи ватандӯстӣ, пешгири ҷудошавии оилаҳо, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва дигар масоили рӯзмарра корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Аз ҷумла, ба ҳавлии сокини кӯчаи Саидкарим Вализодаи маҳаллаи Масчиди Савр оилаи Эшонҳо ва истиқоматкунандаи кӯчаи М. Мирбобоев оилаи Орифхӯҷаевҳо меҳмон шуда, бо вазъи зиндагиашон аз наздик шинос гардида, доир ба истифодаи самараноки замини наздиҳавлигӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, ташкили ҳашарҳои дастҷамъона ва корҳои созандагиву ободонӣ ба истиқболи 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбатҳо анҷом доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки оилаи Эшонҳо ва Орифхӯҷаевҳо бо истифода аз таҷрибаи модару модаркалонҳо аз заминҳои наздиҳавлӣ ва бо истифода аз маҳсулоти арзону фаровони бозорҳои шаҳр ба миқдори зиёд бонкаҳои хӯришу нӯшобаҳо аз сабзавоту мева, инчунин афшураю мураббои гуногун омода ва барои фасли зимистон захира намудаанд.

Ҳамчунин ба даври тирамоҳу зимистон захираи равған, орд, гӯшти хушккардашуда, донагиҳоро захира ва рӯзҳои наздик картошка, биринҷ, сабзӣ ва пиёзро низ харидорӣ ва дар амборҳояшон нигаҳдорӣ менамоянд. Онҳо бо маслиҳати пирони рӯзгордида даст ба дасти ҳам дода, яке аз амалҳои неки зиндагӣ- сарфаю сариштакориро ҳадафи хеш қарор медиҳанд.

Бояд тазаккур дод, ки захира намудани маҳсулоти хӯрокворӣ барои фасли зимистон, хусусан омода намудани хӯришу нӯшобаҳо, афшураю мураббо ва дигар навъи маҳсулот ба мавсими сармо ҳамеша зимни мулоқот ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони минтақаҳои гуногуни мамлакат таъкид мегардад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» қабул гардид

Ворид гардидани усулҳои нави ҷарроҳӣ дар шараёнҳои майнаи сар

Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ

Ҷаласаи гурӯҳи кории доимоамалкунанда доир ба ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдоштаи назди Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РЕФЕРЕНСӢ. Соли 2024 ба зиёда аз ду ҳазор нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба тариқи ройгон ташхисҳои озмоишгоҳӣ гузаронида шуд

Ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи экспертизаи тиббӣ-судӣ густариш меёбад

Search