Ҷамолиддин Абдуллозода собиқадорони соҳаи тандурустиро хабар гирифт

Дар арафаи Иди касбии табибон аз ҷониби Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурўҳи корӣ оид ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҷамолиддин Абдуллозода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода оилаи табибон-Абдумуталим Каримов ва Барно Ахмедова, ки ҳарду 50 солӣ дар маҷмуъ беш аз 100 сол дар хизмати мардум буда, фарзандони хешро бо нони табибӣ ба воя расониданд, дидорбинӣ карда шуданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода гуфт, ки ҳар сол рӯзи 18-уми август чун анъана дар рӯзи мавлуди асосгузори тибби ҷаҳонӣ, аллома ва файласуфи бузургу беназири олами Шарқ Абӯалӣ ибни Сино иди касбии табибони тоҷик таҷлил мегардад ва ин тадбир нишони эътибору эҳтироми Ҳукумати мамлакат ва аҳли ҷомеа ба онҳоест, ки шабу рӯз ҷон рӯйи каф гирифта, баҳри ҳифзи солимии мардум талош меварзанд. Таъкид шуд, ки ба соҳаи тандурустӣ, ки арсаи афзалиятноки ҷомеа маҳсуб меёбад, давлату ҳукумат таваҷҷӯҳи доимӣ зоҳир менамояд ва муассисаҳои тибро бо техникаву таҷҳизоти замонавиву пешрафта таъмин менамояд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон таъкид менамоянд: «Ҳукумати мамлакат тамоми чораҳоро андешида истодааст, ки рушди соҳаи тандурустӣ таъмин карда шавад ва сокинони мамлакат ба хизматрасонии босифат ва муосири тиббӣ дастрасӣ дошта бошанд».

Дар ҳақиқат, рушди бомаром ва ҳадафмандонаи соҳаи ҳифзи сиҳатии омма ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири табобат, тавсеаи шаклҳои мухталифи хизматрасонӣ ва таблиғи тарзи ҳаёти солим шароити мусоид фароҳам меорад.

Аёдатшудагон, табибони собиқадор Абдумуталим Каримов ва Барно Ахмедова барои чунин таваҷҷуҳу ғамхории пайваста ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Теҳрон: Иштироки ҷарроҳони тоҷик дар Х1Х-умин конгресси байналмилалии ҷарроҳӣ

“Корвони саломатӣ” дар муассисаҳои тиббии вилояти Суғд

Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз як қатор муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд

Таҳияи Нақшаи чорабиниҳои лоиҳаи “Омодагӣ ва гузаронидани соли ҳифзи саломатии давлатҳои аъзои ИДМ ва қарорҳои Шӯрои сарварон дар соли 2026” баррасӣ гашт

Вохурӣ бо мутахассисони Ҷумҳурии Федеролии Олмон

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Search