Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти комили миллӣ таҳти сиёсати созанда ва дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар ин самт пайваста тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ менамояд.
Боиси хушнудист, ки дар баробари дастгириҳои давлатӣ дар самти дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолии кишвар, аз ҷониби шарикони рушд низ дар доираи ҳамкориҳои судманд ва дуҷониба бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои охир корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда, фаъолият дар ин самт бомаром идома дорад.
Аз ҷумла, бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ айни ҳол дар мамлакат “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” (P178878) амалӣ гашта истодааст, ки саҳми он ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ назаррас мебошад.
Доир ба раванди амалишавии “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” (P178878) бо менеҷери лоиҳаи мазкур Ҷамшед Каримов суҳбате оростем, ки фишурдаи онро пешниҳоди хонандагон мегардонем:
-Муҳтарам Ҷамшед Каримов, нахуст мехостем дар бораи ҳадаф ва мақсади лоиҳаи мазкур ва дар умум доир ба фаъолияти он мухтасар маълумот медодед!?
– Ташаккур. Сараввал мехоҳам қайд намоям, ки дар воқеъ айни замон дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ амалӣ гашта истодааст. Амалисозии чунин як лоиҳаи барои кишвари мо муҳим ва саривақтӣ идомаи ҳамкориҳои судманду созанда ва равобити хуби роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат бо шарикон оид ба рушд, аз ҷумла бо роҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ ба шумор меравад.
Ҳадафи лоиҳаи мазкур ин пеш аз ҳама дастгирии гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ аз таконҳои иқтисодию иҷтимоӣ, мусоидат ба ҳамгироии иқтисодӣ ва мукаммалгардонии низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Қайд кардан лозим аст, ки ҳаҷми маблағи умумии Лоиҳа 37,5 млн доллари ИМА-ро ташкил мекунад, ки онро 2 оҷонсии татбиқкунанда- Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои амалисозии қисматҳои 1 ва 3 ба маблағи 16,4 млн доллари ИМА ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ барои амалисозии қисмати 2 ба маблағи 21,1 млн доллари ИМА амалӣ месозанд.
Аз маблағҳои ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тааллуқдошта ба ҳолати 1-уми октябри соли ҷорӣ 9 249,5 ҳазор доллари ИМА ё худ 56,4 фоизи маблағи умумӣ азхуд карда шудааст, ки онҳо асосан барои амалисозии қисматҳои дахлдори лоиҳа истифода бурда шудаанд.
-Лутфан мушаххас мегуфтед, ки дар доираи кадом қисматҳои лоиҳа ва чӣ қадар маблағ сарф шуд?
-Бале, дар доираи қисмати 1, яъне “Кумаки таъҷилӣ ба оилаҳои камбизоати дар сатҳи пасти даромад қарордошта” дар ин давра барои дастгирии иловагии 112 689 оилаҳои камбизоати дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта кумаки яквақтаи иҷтимоӣ дар ҳаҷми 67 613 400 сомонӣ пардохт карда шуд.
Дар баробари ин, ҷиҳати таъмини барнома 3 шакли ҳуҷҷат (варақа) барои таъин намудани кумаки унвонии иҷтимоӣ бо теъдоди умумӣ 720 ҳазор нусха, ҷувздон барои нигаҳдории ҳуҷҷатҳо 240 ҳазор адад, буклети саволу ҷавобҳо оид ба кумакҳо ва арзу шикоятҳо 10 ҳазор адад ва дигар маводҳои зарурӣ нашр гардида, ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат дастрас гардиданд.
Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2024, №488 “Дар бораи Тартиби таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, муайян намудани андозаи он ва шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо дасгирии лоиҳа 170 нафар нозир-коргузорони назди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияи мамлакат омузонида шуданд.
-Дар доираи қисмати 3-юми лоиҳа чӣ гуна корҳо ба анҷом расонида шуданд?
-Бояд қайд кард, ки дар доираи қисмати 3-и лоиҳа, ки “Таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ” номгузорӣ шудааст, бо мақсади идоракунии махзани иттилоотӣ ва таҳлили маълумоти соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Муассисаи давлатии “Маркази иттилоотию таҳлилии низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ” таъсис ёфт, ки аз ҷониби лоиҳа ба он кумакҳои ҳамаҷонибаи молиявию расонида шудаанд.
Махсусан, бо кумаки техникӣ ва машваратии лоиҳаи мазкур тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 августи соли 2025, №551 ба Муассисаи давлатии “Маркази иттилоотию таҳлилии низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ” ваколатҳои зерин дода шуданд:
– маъмурикунонии дастгоҳҳои серверӣ, шабакаҳои муҳандисӣ, генераторҳои барқӣ ва дигар таҷҳизоти дар Маркази коркарди маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷойгиршуда;
– маъмурикунонии системаи иттилоотии кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ва махзани электронии гирандагони кумакпулии унвонии иҷтимоӣ;
– маъмурикунонии модули иттилоотии экспертизаи тиббию иҷтимоии шахсони имконоти саломатиашон маҳдуд (маъюбон).
Дар доираи лоиҳа таъсиси “Пойгоҳи ягонаи рақамии низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” роҳандозӣ шудааст, ки ҳадафи он рақамикунонӣ ва мутамарказгардонии равандҳои дастгирии иҷтимоии қишри ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла:
– мутамарказкунии коркарди аризаҳои шаҳрвандон барои таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ;
– гузаронидани экспертизаи тиббию иҷтимоии шаҳрвандон барои муайнсозии маъюбияти шаҳрвандони имконоти саломатиашон маҳдуд:
– идоракунии феҳристи миллии ҳифзи иҷтимоӣ ва тамоми модулҳои рақамӣ, ки дар пойгоҳи он таҳия ва ҷорӣ карда шудаанд ва ё мешаванд.
Илова ба он, “Пойгоҳи ягонаи рақамии низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо системаҳои дигари давлатӣ бо таври автоматӣ ҳамгироӣ хоҳад кард:
– системаи иттилоотии бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ:
– модулҳои иттилоотии тандурустӣ:
– модулҳои иттилоотии бонкӣ барои пешниҳод намудани феҳристи (руйхатҳои) пардохтӣ ва анҷом додани пардохтҳо;
– бо Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои ба таври автоматӣ гирифтани маълумоти маъюбон ва нафақахурон.
-Оё дар доираи лоиҳа барои занони осебпазир низ ягон тадбир амалӣ хоҳад гашт?
-Албатта, бо мақсади расонидани хизматрасониҳои ҳамгирошудаи иҷтимоӣ ва тиббӣ ба занони осебпазир, кӯдакон ва наврасон дар 5 шаҳру ноҳияи интихобшуда низоми кейс-менеҷмент бо таври озмоиш (пилотӣ) гузаронида мешавад
Дар ҳамин ҷо як нуқтаро мехоҳам қайд намоям, ки дар доираи аудити лоиҳаҳои давлатии сармоягузории дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда, ки аз ҷониби ширкати аудитории байналмилалӣ «Крестон Ташкент» доир гардида буд, аудити молиявии “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” низ гузаронида шуд, ки он аудити молиявии Лоиҳаро дар давраи аз 30 июни соли 2023 то 31 декабри соли 2024 дарбар гирифт.
Ҳисоботи ширкати аудитории «Крестон Ташкент» оид ба натиҷаҳои аудити молиявии Лоиҳа барои шиносоӣ ва маълумот дар сомонаи расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расонида шуд.
Дар маҷмӯъ, бо боварии комил метавон гуфт, ки “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” айни замон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар самти боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва ҳамзамон дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ бомуваффақият амалӣ гашта истодааст ва ин раванд минбаъд низ идома хоҳад ёфт.
-Муҳтарам Ҷамшед Каримов, барои чунин як суҳбати ихтисосӣ аз шумо сипосгузорем ва ба фаъолияти минбаъдаи кориатон барору муваффақият хоҳонем.
-Ташаккур барои даъват. Ба шумо низ ман барори кор хоҳонам!
MOH.TJ